Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамранги парчам баланд афрошта, ба тарафи хамине асп давонд. Ва дар партави оташ дид, ки сиёҳии пешопеши Мушк дум хода дорад.

— Му-у-у-ушк! Сумҳота садка, ҷонвар, чорхез бизан! Очаи зори гурги лаъина нишон те! Ҳа, ҷонвар-а, чорхез бизан-а, Му-у-ушк!! — аз ғалабаи нахустин болида фарёд кашид Ҷумъа.

Ба ҳамдардонаш бояд фаҳмонд, ки Мушк турфа асп аст.

...Хуб дар ёдаш ҳаст, ҳине ки байтори хоҷагӣ чӯпонҳоро ба саисхона фиристод, ростӣ, Мирзораҳим андаке таъхир кард. Вай аспакиҳоро дар наздики хирман вохӯрд. Чӯпонҳои чусту чолок ҷеранҳои хубро «азхуд» карданд. Ӯ дар саисхона аспи танҳоро аз банд кушода, баэҳтиёт сувор шуд. Якбора дилаш таҳ кашид, асп базӯр мерафт. Ду қадам раҳ рафта, миёнаш ҳам зад. Мирзораҳим фуромаду аз бандаш дошта, оҳиста-оҳиста онро ба лаби наҳр бурд ва дар оби софу беғубор пушташро шуст. Баъд, аспро пои пиёда оварду дар аҳтахона бибаст, ба оҳураш ду-се мушт ҷаву косаи кунҷора рехт. Ҳар рӯз сару гардани ҳайвони лоғарро сила, ёлҳои тиллорангашро шона мезад. Меҳрубонӣ ба ҷонвар хуш омада, пойҳои Мирзораҳимро бӯйида, сарашро ба бари рӯи ӯ мемолид. Мардаки асппарвар рӯзҳои зимистон ба пушти асп намади кӯҳна партофта, ба таки шикамаш кӯрпача мебаст, ки хунук нахӯрад. Дахмарда як моҳи расои баҳор пуштора алаф кашонида, ҳар бегоҳ «рафиқи дардманд»-ашро оббозӣ медоронд. Ба ҳадде ки аз сару рӯ ва ёлҳои тиллорангаш бӯи гувороӣ мушкак мехест ва ба чи ҳавасҳое номашро ҳам Мушк ниҳода. Агар шабе Мирзораҳим ду ё се бор ба ахтахона намерафт, асп ором намегирифт, пой мекуфт, шиҳа мекашид, ӯро аз хоби ширин нофор мекард... Ҳар шаб аҳвол ҳамин буд.

Ҳикояти дахмардаро шунида, ҳампалатаҳош оҳи

пешина
аз 139
навбатӣ