Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

вазнин кашиданд. Бовар карданд, ки асп ӯро ба поси меҳрубониҳош пазмон шуда, кофтани омадааст. Аспи бовафо дар зиндагӣ шаҳпари одам мешавад. Бемуболи-ға, ҳамин тавр аст.

Рӯзи мушкил дидори шахси наздик доруест ноёб. Бобои Ҳаким тез-тез ба аёдат омада, дарди дӯсташро хеле сабук гардонида мерафт. Мӯйсафеди бадавлат ҳолати соҳиби рамаро нағз мефаҳмид. Имрӯз, пирамард ҳарчанд бегоҳитар омад, вале сӯҳбат чун пештара самими оғоз ёфт:

— Ҳа, ҷовандоз, аҳволат чӣ тавр?

— Шукр, беҳтар шудам...

— Нағз мешавӣ, беҳуда ғусса нахӯр. Саҳарӣ луки-да-лукида ба назди Ҷумъа-сари рама рафта будам. Бо-вар намекунӣ? — ширин-ширин ҳандид бобои Ҳаким.

— Пиёда ё сувора? — шӯхиомез пурсид Мирзора-ҳим хандаи дӯсташро ҳазл пиндошта.

— Ҷонам фидои дӯст... Аспама монда омадам.

— Мушк чӣ ҳол дора? Ку зудтар гап зан, асп чӣ хел? Албатта, хароб шудааст-а? — ба изтироб кунҷ-ковӣ кард Мирзораҳим. — Шаб ҳаросон хобаш дидам, ба Худо, мегиряд. Асп мегиряд-а? Ай гиряи Мушк як қад парида хестам, ки... Дидам ҳама хоб. Э-эҳ, асп, асп!

— Ғам нахӯр, ҷовандоз! Аспат мастона шиҳа ка-шида гаштааст.

— Ҳа-а, аспи ман ба тилло меарзад, Ҳаким.

— Мирзораҳим!

— Лаббай.

— Як гап бизанам, намеранҷӣ?

— Не.

— Аспат ошиқ шудааст!

— Бешӯхӣ мегӯӣ ё мазоҳ мекунӣ?

— Дурӯғгӯ — момааш гар.

— Ай куҷо медонӣ?

пешина
аз 139
навбатӣ