Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
— О, як рӯз дилтанг шуда, аспи мара суроғ омаду чаппасар гашта рафт.
Дар чеҳраҳои ҳузнолуди дардмандон осораки ханда давид.
Воридшавии сарпизишк риштаи сӯҳбати ошноёни деринро барканд.
Даҳмарда рӯз мешумурду шаб, ки кай бар сари рамааш бармегардад. Чашмонашро мепӯшаду аспашро мебинад, ки бехудона сар-сари ёлаҳо медавад, ӯро мековад. Батарс бедор мешавад. На кӯҳеву на асп. Дина аз сарпизишк исрор кард, ки нағз шудааст, рухсаташ бидиҳад, биравад.
Ва, Мирзораҳим аз шифогоҳ баромаду хона омад. Рухсора ба сафари шавҳараш зид баромад, аммо даҳмарда хари ҳамсояаш Сандҳомидро дурӯза талбида, рӯ ба кӯҳистон овард. Вай раҳбараҳ Мушки азизаш пеши рӯ, дилаш аз лаззати дидор таппиш мехӯрд. Ҳанӯз аз кӯҳпоя берун нарафта, садои раъдосои синаи осмон бидарид.
Аз баландии кӯҳ шиҳаи аспро шунида, бовараш наомад. Чунон як шиҳаи бадвоҳимае, ки инхелашро даҳмарда ҳаргиз ёд надошт. Гӯшҳояш қуфл зад. Мушк ба истиқболи ӯ меояд? Наҳод, асп аз Гулдара то ин баландӣ омада бошад? Шиҳаи асп баландтар хеста, болои кӯҳу дара ғул-ғул афканд. Ин зайл шиҳаи бадард як маротибаи дигар (гоҳи бузкашӣ пои росташ аз гӯяк ҷудо шуда буд) магз андар магзи устухонаш шиштааст.
Даҳмарда шиҳаи аспро шунида, гӯё офият ёфт, осема шуд. Азбаски мелангид, фуромаданро эб надид. Аз болои хар ба такяи асо қоматашро рост гирифта, хурсандона фарёд кашид:
— Му-у-у-ушк! Оҳо-ҳо-ҳо-о-о-о, Му-у-ушк! Э-ҳе-ҳе-ҳе-е-ей, Му-у-ушк!!!
Овози марғуладори даҳмарда дар миҳнаи кӯҳу дара акс андохт. Асп ҳам садои ошноро шунида, гӯё пар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё