Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
ба хок зад, рӯ ба мӯйсафедон овард, фотиҳа талабид ва қадамшумор омада, дар як гӯшаҳаки гилем сархам шишт. Ҳарифе паҳлӯи вай рост шуд. Довар ононро муаррифӣ кард: Шамсулло ва Хушбахт, ҳарду аз як деҳа, деҳқонзода. Яке пуррабадани рехта, дигарӣ газ-гӯшти чолокнамо.
Игитҳо бозикунон ба гӯштин пардохтанд. Ҷавони аввала қоматашро ёзонда, остинҳо ва домани яктаҳи сафедашро ду тараф бар зада, сар-сари ангуштонашро лесиду боло-боло парида, ҳарифро баханда сӯяш хонд. Хушбахт дар муқобили ӯ шӯхтар бозид. Мардум чунбиш хӯрд. Резапайкар чафс шудан замоно бо тамоми нирӯ ҳарифро сари севҷӣ бардошта заданӣ буд, ки нохост дар ҳалуки вай дармонд. «Ҳалуки искандари! Ҳалуки искандариро кор фармо!», — садо бархост аз чаҳор сӯй. Одамоне, ки бобои Искандаршоҳро мешинохтанд, бо гӯшаи чашм зеҳнаш монда, маънодор сар мечунбониданд. Вале паҳлавони пир орому бепарво буд, гӯё ин садоҳоро намешунид.
Ҳарифон ҳамдигарро сар дода, давродаври майдон чарх мезаданд ...
Ба ёдаш ҳаст. Раиси ҷамоаи Зинг Нуроншоҳ Сайнд дар хатнатӯи фарзандонаш гӯштин дод. Мардуми деҳоти дуру наздик аспакию ҳаракӣ ба тамошо омад. Айни бозӣ писарак оҳиста аз канори падар хесту ба паҳлӯи баҷае рафта нишаст. Довар онҳоро гӯштин андохт. Искандаршоҳ мисли шоҳинаки тезрафтор амал кард. Остини рости ҳарифро кашида, то тайи фукаш бурду дасти чапи вайро дошта ҳалукаш печонд. Сафи пеши мардум «офарин!»-аш гуфт. Хешбачаҳои мағлубшуда «қассосгирӣ» хестанд, тирашон хок хӯрд. Ҷавонаки бебок ҳафт нафарро бо усули ҳулукпеҷонӣ аз байни по маглуб сохт. Фарёди нишотбахши одамон зуд хомӯш нагашт. Аз ин сари падар ба осмон расид ва бархосту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё