Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

тӯҳфаҳои фарзандашро ба пеши шахси мӯътабари маърака — Давлат-паҳлавон бигзошта гуфт:
— Бобо, ба набераат дуо намедиҳӣ? — бо чеҳраи гулгун дастҳо пеши бар ниҳод амаки Раҳматулло.

Давлат-паҳлавон, ки бачаи серғайратро аз аввал то ахир базавқ тамошо карда буду гуфтание дошт, дасти ҳамдеҳаашро гарм фишурд. Баъд, гӯё ба вай аспи хушзину афзор ҳадя карда бошанд, бо табъи хуш миёнаи майдон омад, риши паҳни барфосояшро хилол кашид, лаҳзаяке бозиро боздошт. Ишораи ӯ барои паҳлавону мардум амри маъруф буд. Издиҳом ба нияти дарки навигарӣ хушу гӯш шуд.

— Ҳайрон нашавед! Тилло ёфтам! — сари писаракро силакунон рамзнок сухан оғоз кард Давлат-паҳлавон. — Эй, одамон! Аз хонаи тоҷик боз як нафар паҳлавони асил ба воя мерасад. Номаш ҳам хушрӯ — Искандаршоҳ! Бачаи ҷон, ҳини бозӣ саросема нашав. Чунин бияндеш, ки ба ҳариф албатта, ғолиб меоӣ. Илоҳӣ, писар, пуштат ҳаргиз заминро набинад. Омин!

Ҳамагон дастҳо ба рӯ кашиданд.

Мегӯянд, боре аёми муҳоҷиршавӣ сафаракиҳое роҳро убур карда, аз байни кӯҳу дара мегузаранд. Вале пайроҳа торафт боло баромада, бориктар шуда, ба танаи шах рафта мепайвандад. Гирдогирди шах морпеч тоб хӯрда, раҳ сарнишеб тӯл мекашид. Муҳоҷирин то баландӣ расида, музтар мемонанд: харҳо бор доштанд, аз баҳри гандум бигзаранд ё бозпас гарданд? Давлат, ки давраи камолоташ будааст, аз роҳи морпеҷи шах аввал чуволҳои гандум, сипас, харҳоро як-як мегузаронад. Ин ҳикоят ҳақиқат аст ё не, то кунун аз даҳон ба даҳон мегузарад.

Рӯз бегоҳ шудаву хуршеди ғурубрав ба сари теғаи Сартез расида. Дар қуллаҳо хирмани зардӣ медамид. Давра гарм. Ба қадри ҳамагуна мавҷудоти табиат дар

пешина
аз 139
навбатӣ