Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
анҷомаш мерасем, ба қимати нурҳои офтоб ҳам. Одамон аз охирин шашшааи хуршед ғаниматона ҳаловат бурда, дидаҳо сӯйи тамошогаҳ буд. Ку бибинанд, ки дар гӯштини сарисолӣ кӣ ғолиб меояд? Онҳо зоҳиран ором бошанд ҳам, ботинан азият мекашанд. Нанг меҳисобанд, ки раҳдурие омада, йигитҳои чорпаҳлӯи онҳоро мағлуб созад. Ба кӯҳистонии ин хел шикаст намезебад. Меҳмон паҳлавони асил бошад-чӣ? Дар ин мавриди кӯҳистониён суханони ҳикматомез доранд: «Мағзи почак надорӣ, ба майдон набаро, зеро ки майдон аз далер аст».
Инак, довар эълон кард, ки аз Ҳойт паҳлавони номие омада. Мардум каф кӯфт: чеҳра намояд. Ӯ оҳиста аз ҷой хест, одамон ҳанӯз аз қаду басташ сер нашуда, боз нишаст. Ва чанд тан матоъеро даврашакл орост, ки паҳлавон андаруни он— ба танутӯши барҷастааш чашм нарасад — тағйири либос бинамояд. Фурсате пас марди чорпаҳлӯ ба худ роҳ кушода, рӯи гилеми ҳокиранг солору батамкин якта-якта қадам партофт. Довар номи паҳлавонро Мирзо гирифт ва пурсид, ки ҳамбозии ӯ нафаре ҳаст ё на? Миёни мардум муҳокима сар шуд.
Ба ёди паҳлавони пир Мирзои «хомпӯш» омад.
Баҳори Дарвоз дертар фаро мерасад. Талу теппаҳо пироҳани сабз мепӯшад, табиат эҳё мешавад. Аз чашмаҳои зулоли он кафҳоро пур карда бинӯшӣ, ғами дилро мезудояд. Мурғакони шоҳсори баланд ба наво омада, хаёл дар олами афсона мегардад. Аёми гулшушукуфт замини ин ҷо зеботар метобад. Чеҳраҳо мешукуфад, замин ҳамроз меҷӯяд, марди деҳқон бар сари кор меравад, чӯпони найнавоз тарона мехонад, аз нӯки қалам бар кони сухан марворид мерезад...
Ӯро хуб дар хотир дорад, Искандаршоҳ. Овозаи паҳлавонии Мирзои «хомпӯш» вирди забонҳо, надидагиҳо ташнаи дидори ӯ буданд. Бархе тааҷҷуб мекард, ки чаро ба ахири номи паҳлавон «хомпӯш» часпонида?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё