Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
мебарорад, ки умре рӯ набинанд. Ва то ҳол яке рӯз мо-барояду дигарӣ шаб.
Умарак деҳаи хушнамудест воқеъ дар шафати рӯди Хумбов. Баҳорон, ҳине боронгариҳо сар мешавад, рӯд лаболаб медамад. То камобӣ ё хушкидани он пиёдаҳо аз болои пули ларзонак мегузаранд, аспакиҳо роҳашон-ро дигар мекунанд.
Искандаршоҳ паҳлӯи бародаронаш меандешид, ки дар маъракаи паҳлавонони Дарвоз ба ҷуз онон касе қадам ранҷа накардааст. Паҳлавонони имрӯза бошанд, таърифӣ. Шарафи деҳаро бояд азиз дошт. Ноомади кор биояд-чӣ? Магарам ба рӯйи мардум нангаранд. Чӣ гапҳое мебофанд! Эҳа, агар момои Майсара дарак биёбад, дар пучоқи писта ҷоят мекунад, мисли занбӯр неш мемонад. «Хунаратон, ки ҳамин буд, чиба хеста ро-ҳи дароз рафтен? Чӣ, паҳлавонҳои дигар чор по доштан? Э, агар ин зайл сусту фулуст бошен, кадом рӯз мешунавам, ки занҳотон ай хонаҳотон баромада раф-тааст. Беҳунарҳо! Ҳаматона ай деҳа ҳай кардан лозим ...», — чунин мегуфт момои Майсара дарди ба-хайр, боз шавкуну ғулгуларо мебардошт. Дар гирдаш тамошобин ҷамъ мекард. Лоҷарам, аз ин пиразани ҳақ-гӯй ӯ низ халосӣ надорад. Осмони хотирааш ғуборолуд шудааст, агар не, мебоист аз хусуси он солҳо набудани мактаби гӯштингирӣ фикр мекард. Бегоҳиҳо, бачаҳои деҳ болои теппае баромада, дергоҳ қувва меозмуданд ва пардаи торикӣ фуромадан баробар хурдсолон садо медоданд:
Назришо!
Ҳой!
Дар тайи по ман чист?
Аввал бигӯ, чизи хӯрдани ҳаст ё не?
Чизи хӯрданиро зери по намемонанд.
Пахта.
Не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё