Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
— Танга.
— Наёфтӣ.
— Рустам!
— Ҳа!
— Ку ту биёв, дар тайи пойи ман чист?
— Қалобаи ресмон.
— Фӯқат дар осмон.
— Пилла.
— Ҳеҳ, афандиҷе, наёфтӣ, аз мо бегила.
— Қалам.
— Куртаи нав надорӣ, гиря бикун аз алам.
— Худат бигӯ-чӣ?
— Як чизи дамаш алмосранг.
— Теғ!
— Теғат сари мех.
— Шамшер!
— Не, аз шамшер майдаву аз теғ калонтар.
— Ёфтам: кордча!
— Бизан дар сари кордча. Ҳар кас ба дари хонаи очаа-а!! Зӯ-ӯ-ӯ-ӯ....
Бачаҳо дар як нафас сӯйи хонаҳошон давида, аз чашмҳо ғоиб мешуданд.
Ва, ҷавонмарду ҳам аз паси хурдсолон шалпару хаста мерафтанд...
Манзараи майдон дар нигоҳи Искандаршоҳ тобиши дигаре дошт. Одамон бештар меоянд, дар талу теппаҳо ҷой намемонад. Табиат ҳам ба хости мардум дар иҳотаи кӯҳпораҳо майдони зебое офарида. Чеҳраи шикастанафсу ҷозибанок, сари баланду тамкини андешазо ва чашмони меҳрбори пирамарди барояш азиз тавонашро афзуд. Афгандани шери жаён пеши назараш ҳеҷ намуда. Дуои Давлат-паҳлавон мададгор бод! Бигзор, одамион биоянду биоянд, болои кӯҳу талҳо, мошинҳо ва дарахтон пур шавад. Иншооллоҳ, ӯ бо рӯи сурх меравад, аз ин маърака.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё