Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
Ғиреви яъсомези мардум ба фазо печид. Паҳлавони ҳоитие дастболо шуд. Ҳарифи мағлуб аз алам намегиристу бас. Охир, вай нофаҳмида лаби ҷомаи дарози худро зер карду адл ба тахтапушт ғалтид. Аҷиб ки занҳо ҳамсафи мардон ба шӯр омаданд. Ҳаққо, занону духтарон ҳам шаъни диёрро ҳифз мекарданд.
Мирзои «хомпӯш» ба давродаври маърака мегашту мегашт, ҳарифи муносиб мехонд. Чуфташ барвақт намебаромад. «Хомпӯш» хеле давр заду ҳавобаландона ба чаҳор гӯшаи маърака хашмолуд чашм давонд. «Ҳоой, одамон! Овозаи Рустам—беҳ аз Рустам. Ман фарзанди як нафар деҳқони ҳоитиам. Бале, ҳамон Мирзои «хомпӯш» манам. Наҳаросед, бо малакҳо ҳамнишин набудам. Танутӯшам барои худнамоӣ не, балки соф ба номи гӯштин офарида шуда. Омадам, ки камари паҳлавони беназири ин маъракаро баста биравам. Ку, ҳамон сари паҳлавонони Дарвоз, бихезад аз ҷой! Мехоҳед ё не, оҳуи сармасту зеборо мебарам ба хона. Мардум оҳуи сархайлро дида, мегӯянд: «Мирзои «хомпӯш» аз гӯштини навбатӣ оҳу оварда. Оҳу! Оҳу! Оҳу!», — ҳамин зайн мехондӣ аз нигоҳи барқпошу ғуруролуди паҳлавон.
Нигоҳи рамузфаҳми бобои Давлат қадам ба қадами «хомпӯш»-ро озмуда, сари хулосае мутаваҷҷеҳ буд.
Шояд, ӯ ба довари хушкор мадад меҷӯст. Майдони холӣ мардаки тануманди хумдоншаклро ҳавоӣ кард.
Дастҳо ба миёнбанд ҳаста, якта-якта пой мебардошту осмонро сӯз медод. Гӯё манорае буд сар ба фалак, на паҳлӯ дошту на дарозӣ.
Насими баҳорӣ аз вазидан монд. Накҳати гулу гиёҳҳои шифобахшро шамолаке аз сангоб дуртар мебурд.
Селаи гунҷишкҳо давр хӯрда, ба осмони беғубори само пар мекашиданд. Офтоб зери пораи абри сиёҳе паноҳ шуд. Дили мардумро ғам тӯр кашид. Ҳозир бояд паҳлавонеро ҳампои меҳмон бибинанд, ки оҳую обрӯ аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё