Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
даст наравад. Бачаи миёнаи амаки Раҳматулло якта-ҳашро пӯшида, ба майдон мерафт, ки ӯро падар гардонд:
— Бигард, нарав!
— Шасти мардака нагардон. Мон, як қувва бисанҷад-чӣ? — миёнарав шуд пирамарди букрии ношиносе.
— Хайр, ки бачата намемонӣ, худат баро! — афзуд мӯйсафеди кулӯтарише. — Ба ҷои он ки давраро гарм бигирӣ, ай раҳ мезанӣ? Нағз не!
— Пояшро ба чени кӯрпа дароз кунад, охир, — бо оҳанги эътироз фаҳмонид падар. — Кӣ дидааст, ки кавга бо хирс гӯштин андозанд? А? Ҳм, кай парво доранд, ба ҳар тори мӯйи ин бачаҳо мо меларзем.
— Оббое, бачаҳотон ба худатон насиб кунад, — баҳси бечора сулҳомез нуқта монд мӯйсафед, ки ҷазминамо буд. — Мо ҳам бача доштем, лекин Худо надод, ҳафтоашро тайи хок бурдаем.
Амаки Раҳматулло мефаҳмид, ки ба мардум тамошо мефорад. Баҳори гузашта як зингӣ дар зодрӯзи писари нахусташ тӯй орост. Паҳлавонони номие омаданд, аз ҳар канор. Нури чашмони мӯйсафеде аз Бадахшон чор бузбалан ҳӯзарбро ҳалол афтонд. Саранҷом, довталаби паҳлавоне сари маҳал ёфт нашуд, бархост, ки ҳамон бача барояд. Ҷавони чор танро ғалтондагӣ чандир буду ба таки каши паҳлавон баробар меомад. Дили падар сӯхт, ба фарзандаш рухсати майдонбарой надод. Баъзеҳо болои сари мӯйсафед ғавғо бардошта, дертар ба ӯ дарафтоданд. То аз ҳалқаи шӯридагон раҳониданаш мӯйсафеди бечора шӯхибашӯхӣ чанд шатта хӯрд...
— Искандаршоҳро хезонед, Искандаршоҳро! — фарёд зад касе аз издиҳомиён.
Мирзои «хомпӯш» дигар ба даври маҳрака гардиш намехӯрд, балки дар гӯшаи намоёни майдон попархам шишта, заминро хат мекашид. Ӯ ин номро маротибаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё