Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сеюм аст мешунавад. Искандаршоҳ ҳамрадифи меҳмон фарбеҳ не, як ҷавонмарди миёнақади кулҷарӯйи уқобчашми қавипанҷае буд, ки овозаи гӯштингирияш то дуриҳо рафта буд. «Шир ҷӯш биояд, сар меравад». Як садо аз худ садоҳо дардод.
— Искандаршоҳ бихезад, Искандаршоҳ!
— Ба ту бовар дорем, сари моро ҳам нагардон!
— Искандаршоҳ, ба майдон баро!
— Ис-кан-дар-шоҳ! Ис-кан-дар-шоҳ!!, — овоз медод яке паси дигаре.

Фавҷи одамон ба хонаи занбӯр бадал гашт. Паҳлавон аз ҷой хест ва дастҳо пеши бар тавозӯъ кард. Мардуми ноором бо як овоз ӯро ба тамошогаҳ мехонд. Искандаршоҳ рост ба назди Давлатпаҳлавон омада, дуъо гирифт. Баъдан, бародарон матоъеро нимдавра доштанду вай яқтаҳи нав пӯшид, миёнашро маҳкам бибаст ва дастонашро совидаю қоматашро ёзонда, ба майдон рафт.

Нигоҳҳо... Рамзноканд онҳо. Сиришти некро аз бад, сараро аз носара, хушбӯро аз бебӯ, пурқувватро аз заифрӯх, хушрӯйро аз безеб фарқ мегузоранд. Бештар нигоҳҳо ғолибиятро пешакӣ гоҳ ба тани Мирзо ва гаҳ ба Искандаршоҳ ҷоиз медонистанд. Не, ҳанӯз барвақт аст, «ҷӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд».

Ва паҳлавонон лаҳзае аз даврзанӣ бозмонда, рӯбарӯ омаданд. Ба эҳтиром вохӯрда, аз ҳам дур шуданд. Ана, Искандаршоҳ мисоли уқобе, ки аз баландӣ мефурояд, гӯё қанот бароварду остинҳову яқтаҳашро барзанон сарсари ангуштонашро лесида-лесида, гоҳ ба чапу гоҳ ба рост мечаҳид. Мӯйсари сиёҳи серамали аз пешонӣ рост хестаи ӯ гоҳи бозиаш ҳамранги тоҷи хурӯс меларзид. Барқ мерехт аз нигоҳаш. Бозии шӯхонаи гӯштингир ҳамаро мафтун кард. Мегуфтӣ арғушт меравад. Мирзо бозии ӯро аломати сипоҳӣ ангошта, нафасе гаранг монд. Искандаршоҳ ба остини рости яқтаҳи ҳариф

пешина
аз 139
навбатӣ