Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Чанг заданӣ буд, ки вай худро ақиб кашид, панҷааш дар ҳаво муаллақ монд.

Паҳлавонон баъди гардише боз часпиданд. Ин карат «хомпӯш» қафаси синаи дамидаашро сипар дошт ва аз гиребони яқтаҳи паҳлавон басилтав кашид, Искандаршоҳ каладаВ хӯрд. Мирзо хеле зиракона ҳиллае кор фармуда, ӯро ба дами усули сари севҷӣ наздик овард ва бо тамоми қувва «хӯ-ӯ-ӯҳ!», — гӯён баланд бардошт, ки дар ҳалук дармонд. Оҳе аз синаҳои дардолуд фирор кард.

«— Ӯ-ӯҳ, бачағаре, шӯхӣ надоштааст...»

«— Ё, Ҳазрати Баҳоваддини балогардон, мададгор шав!»

«— Худоё, офтобро тоҷи сари паҳлавонон бигардон».

— Гаҳворааш аз осмон биояд, мезанад, намераҳад. Зӯрозмой бо вай кори бехуда, — ба Мирзои «хомпӯш» ишора карда баланд мегуфт як ҷавони ҷоитӣ.

— Э, додари ҷун, Искандаршоҳи моро ба чашми кам набин, — шасти ҷавонро гардонд марди таҳҷоие.

— Вақт аст, рафта ба паҳлавони соҳибихтиёр бигӯ, майдонро тарк бикунад.

— Хайр, мебинем! — ҷавони бадқаҳр фӯкашро ҷониби тамошогаҳ тофт.

— Дидан бигир, пушти Искандаршоҳ то ҳол замина дидагӣ нест, — пичиррос зад зери лаб ҳамон мард.

Мирзо-паҳлавон ҳарифашро чанде бардошта, караҳт истод. Намехост пайти мувофиқро аз даст бидиҳад. Душворӣ мекашид. Чӣ зайл усул бисанҷад? Ҳалуки Искандаршоҳ дар пояш маҳкам печида. Ҷисми ӯ пайкарашро оҳиста-оҳиста бор андохт. «Хомпӯш»-ро арақ пахш кард ва камтавон ӯро ба замин фуровардан баробар пешпой дод, ки якпаҳлӯ ғалтид, зӯр мезад ӯро ба тахтапушт бихобонад.

— Ҳаром нагир! Говгел шуд, аз сар бигир! — баробар хеста мегуфт мардуми шӯрида.

пешина
аз 139
навбатӣ