Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
Раҳмгинии ёрон асаре намефузуд. Ғайрипиндошт «забон» бароварду нолишомез «Бачам наёмад? Аз-аз, беақл-е. Бигӯ, биёяд дидор бинем. Сари по шуданам даргумон. Эҳ, бачаи беақл. Чӣ медонӣ, дили падар чӣ ранг месӯзад...» — пирамард канда-канда ҳамин қадар коҳиду тамом. Ҷамоа аз ҳаракоти марди пир маъnӣ бардоштаву хомӯшие фарогир шуда. «...Ҳамсояҳои ҷон, аз дастархонатон бисёр намак хӯрдаам. То биҳилам накунед, ҷонаm намебарояд. Агар аз мани осӣ хатое бигзашт, узр. Во, ҳасрато! Э-эҳ, як бори дигар чорговак раҳ мегаштаму дидори бачама медидам, ормонҳом дар дил намимонд. Ҳайфи умри бебозгашт ...», — менигарист мӯйсафед ба нигоҳи дардошнои ҳамсояҳо, хешу табор ва қуввату дармонаш мерафт, ки боз чашмонашро мепӯшид.
Қампир ғамдор бошад ҳам, худро мард мегирифт.
Таомули меҳмондориро ба ҷой меовард: ба таки пойи аёдатомадагон кӯрпача мепартофту онҳоро ба ҷойнӯшӣ муроот мекард. Ҳар нафас аз ҳоли мӯйсафед воқиф буд. Боиси серғайратӣ ва ҷусту чолокиаш ӯро бобои Маҳмадалӣ шӯхиомез «ҷӯра, ту қаноти манӣ» мегуфт. Момои Ороста ба мардак ором ҷавоб мегардонд, пир мардум нозук мешавад. Мабодо хотираш бикоҳад, кардаю нокардааш ду пул, бе ин ҳам аҳволаш вазнин.
Ғами писари хурдӣ сарборӣ. Хислати аҷибе дорад, пиракӣ. Аз коре рӯ гардонад, бикушандаш дубора розӣгӣ намедиҳад. Лекин меҳри фарзандӣ ғолиб омад ё хотирааш заъиф шуда, ки савганд бишикаст. То ба ҷойгаҳ нағалтид, бачаашро напурсид. Намегуфт ӯ чӣ ҳол дорад? Сер аст ё гурусна, сару либос дорад ё на? Аз саҳар боз Файзуллоро меҷӯяд. Сабаби беморӣ-фарзанди якрав-а! Мӯйсафед то аёми донишҷӯии писараш ӯро зери назорати ҷиддӣ гирифт. Намимонд, ки дар кӯчаҳо худаю беҳуда гашта, вақтро барҳадар гузаронад. Медид пешрафти хониши онрӯза хуб нест, ба рӯзномааш
94

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё