Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
имзо намегузошт. Гули либосаш мепӯшонду гули хурокаш мехӯронд. Ва бар ивази меҳрубониҳо аз писараш хониши аъло талаб дошт. Вале арафаи хатми донишгоҳ гапи фарзанд бо падар гурехт. Хайр, ӯ «бачагӣ»
кард, бахшидан мумкин буд. Не, падар аз раъяш нагашт, аниқтараш гузашт накард. «Аз хурдон лағжидан, аз калонҳо бахшидан» ба ёди мӯйсафед нарасид. Ҳине ба худ омад, ки Файзуллоро аз хона ба якборагӣ пеш кардаасту сар ба рӯи зонуҳо, тоқии афтидаашро нигоҳ дорад. Одам сари ҷаҳл фурӯтанӣ бой диҳад, ба пои хеш теша мезадааст. «Ҳай нохуб шуд, тезӣ ай атсаи хук мондагӣ ...», — пушаймон мегуфт пирамард баъди қаҳролуд баромада рафтани писараш.
Мӯйсафед базӯр чашм кушода, дастони хароби дарозашро ҷунбонда, беқарор шуд. Беморбинҳо ҷунбиш хӯрданд. «Васияташро мегуфта бошад?» Марди пир рӯяшро як навъ тарафи занаш гардонд, ки наздиктар бишинад, гап дорад. Кампир дар гӯшаи болин амонат нишаст. Ожангҳои бари рӯи ӯ пир-пир парида, гӯш ба даҳони саробонаш бурд, ку чӣ мегӯяд? Ҳозирин хомӯш монданд. Ҳарчанд чашмони беморро пӯшида ангоранд ҳам, сухани нуҳуфта бисёр дорад, аммо аз лакнати забон шармаш меояд. Ғалаёни афкори дарҳам-барҳам ба гуфтораш овард:
— Фай-зул-ло омад?...
— Телеграммаш равон кардам, — пеш аз модар гуфт писари миёна Шариф, ки ғамгин менамуд. — Ғам пахӯр ата, меояд.
— Қачон меояд? Эҳ, баҷаи балоиҷон...
Нигоҳи ҳузнолуди бобои Маҳмадалӣ ба гӯшаи девори хона нишаст. Дар пешонаи пурчинаш қатра-қатра арақ дамида, вазъи раҳмоваре мегирифт. Нигоҳаш
беҳад рӯшан буд. Момои Ороста бо лаби докааш қатраҳоро ҷаббид. Хайрият, ғамгусораш ҳаст, агар не,
азоб мекашад. Шабҳо, ҳамсояҳо то ғанабравиш гӯшнавоз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё