Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сӯҳбат ороста, баромада мераванд. Ӯ мемонаду ҳамин кампиракаш. Ёрои гапзанӣ накунад ҳам, паст-пастак оҳанги дилбардории вайро мешунавад. Лафзи хуш ба одами бемор танакорд аст, вале дарди ҳолоина ҷонқоҳ, рагу пайвандашро меларзонд. Фикрҳои осмоние ба майнаву девораҳои дилаш панҷа мезад. Мадоре надорад, ки бо рӯймолаки назди болин лабонашро пок бисозад. Ин рӯймолак бо дастони Ороста «наҳудак»-дӯзӣ шудааст. Рӯймолак рамзи муҳаббати аввалини духтариаш ба Маҳмадалӣ буд. То кунун дар куҷо пинҳон буд рӯймолча, дар як гӯшаҳаки сандуқи кампир? Ва рӯзе, ки духтар «наҳудак»-ро тақдимаш кард, ҳай хурсанд шуд. Ҳолиё шамси атрогини рӯймолаки нафиси нақшин хиёлашро дуздид, ки боз чашм пӯшонд, нафасгириш қадре мӯътадил гардид.

...Дар деҳа баҳор бо гулгардонӣ фаро мерасид. Ва ҳамон рӯз бо селаи бачаҳо кӯҳ ба кӯҳ гашта, гулдаста чид. Даври тоқии чакани Маҳмадалиро сиёҳгӯш зеб медод. Духтарчаҳои гулпараст вайро дар оғӯши гулҳо дида, ҳавасашон омад.

Ҳавлии Оросташон дар ахири кӯча воқеъ буд. Маҳмадалӣ муҳаббати духтарро ба худ аз нигоҳҳои розпарвару хандаи башармаш пай мебурд. Ҳар боре раҳгузораш вомехӯрд, нигоҳашро мегурезонд. Муҳити деҳи хурд, овозаи суханчинҳоро андешида, дар муштокӣ якдигар месӯхтанд. Имрӯз шарму ҳаёро як сӯ гузошта, барои Аш гул ҳадя мебарад. Аз гул муносибтар тӯҳфае ба духтар ҳаст? Бигзор, умре ба ранги гул дилкашу ботароват бошад. Ба саҳни дарвоза расида, дар поҳош ларза афтод. Гӯё ҳамагон аз муҳаббати ӯ ба Ороста бохабаранд. Духтар суруди гулгардонҳоро шунида, аз дарича баромад. Маҳмадалӣ малеҳона хандид. Ороста шармида, нигоҳашро аз чеҳраи ҷавон ба дастаи гул кӯчонид. Ҳарду нафасаке сукут варзиданд...

— Баҳор муборак, Оростамоҳ!

пешина
аз 139
навбатӣ