Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Раҳмат. Хуш омадӣ. Чӣ биёрам?
— Як лутфи ширин.
— Гулсардонҳо ягон чиз мегиранд-ку.
— ...ба дидани ту омадам. Бигир, дастаҳаки сияҳгӯш-рову ба абрӯҳот бимол, моро ёд кун!
— Элак баҳона бигӯ?
— Оростамоҳ, баҳор ғанимат. Кадом рӯз пир меша-вем...
— Ҳама чиз мегузарад...
— Як тап бигӯм, намеранчӣ?
— ...
— ... кай шӯ мекунӣ?
— Пӯк, чӣ мепурсӣ?
— Туро дӯст медорам.
— Таърифӣ! Дилёбӣ осон нест. Хеле ҷон меканӣ, ки...
— Гурусна бо шер меҷангад. Дастаи гули решадор-ро дар ҳота бишнон. Эҳтиёт кун, мурғҳо нӯл зада нахӯ-ранд-а! Хуш бимон, то боздид!
— Биист! Ма, бигир, ин рӯймолчаро... — самими гуфт духтар ва ба атроф нигоҳ кард. — Гум накун, бо-рои хотира...

Мӯйсафед аз дунёи ҷавонӣ ҳамин лаҳзаякро дар ёд нигоҳ доштааст. Аксаран дар маъракаҳо, ба аҳли гу-зар шунавонда бухси дилашро мекафонд, ишқварзии баъзе ҷавонҳои ҳозираро наҳ мезад. Мазмун, ибтидо «ошиқи шайдо» шуда, таки-таки дарахтон шабу рӯз гашта, ба киною театр мераванду саранҷом ҳам худро шармсор мекунанд, ҳам духтарони бечораро бадном. Аз пушти ин қабил сабукмағзҳо ишқи зебои инсонӣ хор мешавад. Ишқе, ки бағоят муқаддас аст. Ишқе, ки инсонҳоро дар талоши зиндагӣ раҳнамой мекунад. Месазад ишқи зеборо покиза бидорем.

Пирони дардошно ба мӯйсафед дилбардорӣ карда

пешина
аз 139
навбатӣ