Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мегуфтанд, ки ҳаргуна фикрҳои бадро аз ёд биронад, ғусса дарди беном аст. Насиҳатхониҳо ба гӯши бобои Маҳмадалӣ намедаромад. Ба кадом бемори табсӯхта мусиқӣ мефорад? Алангаи буттаи оташрасидаро шоҳчаҳош медонаду бас. То даме ҳавсалааш мерасад, ба сахтиҳои зиндагӣ тоб овард. Марги бемаҳали писари даҳсолааш Исмоил ба синааш мӯҳри ғам паҳш кард, сонитар хоҳараш ба хастагии асаб гирифтор шуд. Вай дар он рӯзҳои вазнин пеши ёру ағёр орияташро ба таъна нафурӯхт. Дертарҳо, бо аёлаш дубаду ҳасрат мехӯрд, ки «рафтори Файзулло ғамбеморам кард, ба хонадон касрат зад». Миёни ёрон аз ҳама беш бобои Эмом сарҳисобаш гумкарда буд. Ӯ бо пирамард дар як деҳ ба воя расида, пиёлаи чойро бо ҳам медиданд. «Ҳамсояи хуб аз хеши бемеҳру раҳдурӣ беҳ аст» Сари фарзандашро дард мегирифт, бобои Маҳмадалӣ ҳозир мешуд. Бегоҳиҳои тирамоҳ, айни подаомад рӯи хараки саҳни дарвоза сахттар месулфид, «Ягон пӯшоки гармата пӯш, хунукиат назада бошад-а? Ба хунукӣ бозӣ накун, ошно, поятро гарм нигоҳ дорӣ, намешавад?», — маломат мекард ӯро Маҳмадалӣ. Чандест мӯйсафед аз хона намебарояд, бистарӣ гашта. Бемуҳобот, ин зайл ҷӯраи ҷонию ҳамсояи қадрдонро аз куҷо меёбӣ? Ҳаққаш аст, ки ӯро рӯ-рӯи дастон бардошта гардад. Аз гоҳи бистаришавии дӯсташ саҳару беғаҳ ду-себорӣ меояд, бобои Эмом. Дасти холӣ не, албатта, ҳатман чизаке савғо меорадаш. Медонад, ки ӯ на меошомад ва на менӯшад, лекин ду даст дар бинӣ омада наметавонад. Субҳ то шом қатори хешу табори пирамард шишту хез мекунад. «Ҷӯра, ягон чизак бихӯр, ки дармонат шава, — мегӯяд оҳиста ба гӯши бемор, — беқувватӣ ҳам одамро аз пой меафтонад. Маҳмадалӣ, камтарак шири гармат овардам. Бихез, як пиёла дам бикаш. Зӯрат меоя, медонам, лекин бихӯр, фоида дора. Тани гарм бе дард

пешина
аз 139
навбатӣ