Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
Намешава. Худо ҳофиз, мебинӣ сиҳат мешавӣ. «Не» нагӯ, бихез!»
Нест меҳроби диламро ҷуз хами абрӯи дӯст,
Ҳар касеро қибла бошад, қиблаи мо — рӯи дӯст,—
ба дид меомад ин оҳанг, оҳанги ҳамдардию ҳамқисматӣ аз чеҳраи пурнури пирони дардошно.
Аъзои бадани марди пир дард мекашид, чӣ дарди сахте. Бобои Эмом докапораеро ба косаи оби хунук хаста, онро чафиду таротар ба пешонии фарохи дӯсташ ҳамвор кард. Хунукӣ одамро хушёр мекунад. Дар сурате ҳарорати танашро фаҳмидан мехост ё қафаси синаи ӯро мемолид, бемор бо имои «лозим не», сар меҷунбонд. Чаро ба мӯйсафед якбора фишори хун ёр шуд, аз гӯшт фуромад? Пирамарде, ки кӯҳро мезад, талқон мегашт, имрӯз — бистарӣ. Ҳар рӯз медидӣ аз лаби заҳбурҳо ҳаракӣ алаф кашонида, болои коҳдонаш офтоб медод. Ба хотире дар танҳоӣ азоб накашад, нагӯянд, ки бемиён будааст. Вай чӣ медонист пешомадашро?...
Бобои Маҳмадалӣ чашмонашро нимроғ кушод, нигоҳаш ҳузнолуда. Ким-чизе меҷӯст. То ба ҷойгоҳ афтидани пирамард расми Файзулло дар бари девори хона-паҳлӯи акси Абдураҳим ва Шариф овезон меистод. Рӯзе, ки фарзанд гапашро дар замин монд, сараш як ғуввос зад ва сурати миёни чорчӯбаи шишагинро ба рӯи сангҳои ҳавлӣ ҳаво дод. Ҳолиё абрӯвони дарозу риши паҳнаш ба ҷисми лоғари бемадор бенур метобид. Ду дидаи мӯйсафед буду гӯшаи меҳкӯби хона.
— Бечора, сурати бачаша мекова, — нимшунаво гуфт кампири Ороста ва дере нагузашта аз хонаи дарун расмеро овард, ки онро бибинаду таскин биёбад. Пирамард ёрои ба акс нигаристан надошт. Чӣ илоҷ? Қош, писаронаш сари болин ҳозир бошанд, ба рӯяш гарм-гарм нигаранд, дуъо бигиранд.. Беқарор аст, шояд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё