Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

даҳонаш ранги забонаки мор бозӣ мекунад-е. Дунёи ӯ ҳоло гирди болини сафед буду бас.
— Ата, ман омадам! Атаҷон, ҳо, ата!!
— ...
— Оҷа, гап намезанад?...
— Духтурон таъкид карданд, ки бисёр напурседаш.
— Уф-ф, касалашро нагуфтанд?
— Не-е, тақдири бад доштам, бачам. Ҳеҷ рӯзи нек надидам, — кампир гузаштаашро ба ёд оварда, гирён шуд. — Намондӣ, атаат бимирад, баъд биои? Шабҳо феъли хуши туро ёд мекард ...
— Ҳой, ата а!! Чашм бикшои. Охир, ман омадам!
— Мардак чашм бикшо! Абдураҳим омад!
Пирамард садоҳои ногаҳониро шунида, яке чашм кушод. Абдураҳим тани афгори мӯйсафедро оғӯш кашид. Се моҳ пеш, дар таътили зимистона хабаргирӣ омада буд, саробони оила бардаму бақувват мегашт, фотиҳои сафараш дод. Не, он рӯзҳо сарсухани падар номи фарзанди ношукр буд. Ӯ аз бемории пири дарёдил бедарак маҳбубаашро ба аҳли байташон шиносо кардан мехост.

Қампир берун баромад. Абдураҳим ба духтар имо кард, ки аз паи пиразан рафта, бо ӯ сари коре бигирад. Бобои Эмом ба ҷои «қанот»-и ошнояш нишаст, ба лабони карахшбастаи вай бо пахта об чакконд. Духтар сӯи нонпазхона қадам зад.

Ӯ аз тирезаи хонаи баланд чун ҳафтаҳои пешин ба хирмани зарандуди хуршед наменигарист. На ғуруби онро пай мебурду на тулӯяшро. Ташна ва боз ташна буд, ки қурси нозанин умре нур бирезаду нур бирезаду нур... Ва, нури чашмонаш дар саҳни ҳавлнаш доимӣ гаштугузор намояд, чароғи манзилашро биафрӯзад. Ҳасрати қалби пурормони падар ҳамин буд.

Ҳазору як фикру хиёл дар сар дошт, кампири Ороста. Аз овози духтар сар боло кард. Нашнохташ. Чеҳрааш

пешина
аз 139
навбатӣ