Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан- Мехоҳӣ арӯсат биёрам?
- Аввал худат мӯй барор, ки хунук нахӯрӣ.
- «Ҳа» бигӯ, он тарафаш осон.
- Хуб, раҳгардон шавам...
- Баъд киро мегирӣ?
- Ягон бандаи хокиро.
- Зангирӣ бозӣ нест, бо ман маслиҳат бикун.
Бемор ба ниҳоли ғарқи гули шафтолу менигарад. Ҷинси латиф ба ӯ ниёз надорад. Ғалат гуфт, рағбаташ пир шудааст. Мегӯӣ барқасд ба чоҳе зада ғалтондандаш. Ханда дар лабҳояш ях баст.
- А бача, шаб рӯз шуд, бигӯ муроди дилатро?
- Ҳайронам зан бигирам ё не?
- Ба худ бовар надорӣ, нагир.
- Дилама хунук накун, ошно.
- Ту зеби девонаи Моҳбӣ дорӣ.
- Ягон сиҳаташа наёфтӣ?
- Гули Қандалӣ — чӣ?
- Ӯро худат бигир.
- Шӯнокарда кӣ монд?
- Духтари Муллои Самад.
- Хоҳари Санги дароз?
- Ёфтӣ наҳтӯтиро.
- Хушкардаҳо чӣ шуданд?
- Ҳуснорои садқилоҳа нағз, магарам даҳгазӣ кӯртааш бихарӣ.
- Вай зеби ту надорад, маъйубӣ, маслуҳ мешавӣ.
- Зан намегирам, тамом!
- Мардак шав, дилат ба кӣ мойил?...
- Пештар биё, махфист.
- Хо-оп, омадам, бигӯ.
- Рӯшангула меорӣ?
- Ба чашм.
- Дурӯғ бигӯӣ — чӣ?
- Як хурӯси тоҷдор мекушам.
- Шунидӣ, оча?
- Чиро?
- Ваъдаи Насруллоро.
- Барои бачаат арӯс мековам, — ошнои «дилоҷонӣ» кафид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё