Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
доранд. Кабутарҳо ба шохаи чинори пири паҳлӯи мазор мефуроянду дигар парт-парт намезананд. Бо забони безабонӣ чизе мегӯянд ва худ ба худ ором гирифтаву гардан ба гардан молида, парвозӣ мераванд.
Парвардигоро ! Моро дар паноҳи исматат нигоҳ бидор!
Дарди ҷавонро дӯсташ Насрулло як зарра сабукӣ мебахшид. Ёд мекард аз номабандиҳошон ба кокулҳои духтаргарон ва сиёсат доштани омӯзгори фанни таълими меҳнат. Завқ мебурданд аз дурӯғбофиҳои Шери «шикамба», ки назди тахта ҳарчи-ҳарчи мелофиду аз муаллим Худойназар як баҳоро ба фириб соҳиб мешуд. Ду сол монда буд тарк гуфт дабистонро ва ба дунё низ падруд. Аз гузашта хотира мемонад. Аёми шубоб зудгузарасту хушоянд. Ҷузъ ба ҷузъи он марҳаларо аз ёд медонад. Насрулло дар ифшои хотираҳо дармемонд, ҳамзамон Убайдулло ислоҳаш медаровард. Ҳарду ин давронро зебо мегузарониданд. Вале яке ба садамаи тақдир гирифтор, дигарӣ ба ғаму ғуссаҳош ёр, модари шабзиндадор хаставу дилфигор шуд. Падар сир бой намедод, лек ҷигаркабоб месӯхт, гӯё хом буду мепухт.
— Бубахш, ки дар хоб мондам.
— Зап бигирӣ, чӣ кор мекунӣ?
— Алови чашмаша мегирам, гаранг.
— Чӣ хел?
— Бо дастаи гул мезанамаш.
— Дард мекашад-е.
— Сад нобудаш.
— Ин хел накун, ошноиро аз ту меканам.
— Бо дастагул бедораш мекунам.
— Гурезонаш мекунӣ, чӣ суд?
— Саҳархезӣ бурди худаш мебуд.
— Ба умеди алови чашмгирӣ муҷаррад мемонӣ!
— Безан бошӣ хуб, паррандаи озодбол мегардӣ.
— Сагира баномус метобӣ.
— «Кайф-кайфи безанӣ, фатир кунӣ танҳо занӣ».
Ҳарду лутфомез механданд. Насрулло риштаи сӯҳбатро ба дигар сӯ мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё