Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Дурӯғ! Надорам бовар.
— Рӯшангул! Ҳо, Рӯшан..., — Насрулло ба кафи даст даҳонашро пӯшида, батаклид посух мегардонад: — Ҳо-о-ой...
— Биё, ошном ёдат кардааст.
— Н-ие-е!...
— Ногап шудаӣ?
— Ҳа-а.
— Барои чӣ?
— Ҳа-там наменависад-ку.
— Агар бинависад, меоӣ?
— Пойлуч медавам то хонашон.
— Бо париён гап мезанӣ?
— Дидӣ ҷӯра, айби худат, ки хат наменавииштай.
Дар чеҳраҳои маҳзуни пайвандон осори ханда давид.
— Хатнависӣ худнамоӣ нест, на дӯстдорӣ.
— Шарта бой додӣ, хурӯс мекушӣ ё не?
— Барои ту ҷонам фидо бод!
— Нок овардам, бигир, даҳонта ширин бикун.

Ҷавон пуштиной хобидаву ба думбура нохун зад. Наво қисса мехонд, қисса аз ғаму ғуссаҳо. Аз хурдӣ ба ин асбоби мусиқӣ дилбохта буд. Механдад, хандааш ғам дорад. Наво дар дидагони модар ва хоҳаронаш нам гузошт.
— Камфараҳӣ, нохун назан, бачам, — кабоб шуд ҷигари модар.
— Намефорадат оҷа?
— Медонӣ-ву мепурсӣ.
— Дар тӯям арғушт меравӣ?
— Рӯйи по биҳез, ҷиҳози шаҳият тайёр.
— Насрулло, ту чӣ?
— То «бас» — гӯият мерақсаму мерақсам.
— Яке Моҳбира дида, беҳуш нашавӣ?
— Э хуш-е!

Дар сӯҳбати дилнишини ёрон дигаронро хоб мебурд.
Ҳамон рӯзе, ки Насрулло ба раҳи дур мерафт, дар бозгашт бегоҳ ё ки шом бармегашт, чароғи гирёни хоначаи дӯсташро дида, албатта, сари қадам медаромад, ҳол мепурсид. Убайдуллоро ҳиратабӣ медид, шаб мемонд. Дардашро танҳо ӯ мефаҳмид. Ёру шиносон меомаданд ҳам, камтарак шишта мерафтанд.

Имшаб аз сукути ошно Насрулло маъні бардошт ва паҳлӯи

пешина
аз 314
навбатӣ