Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар боғҳо ончунон себ ҳосил баст, ки даравгару нағмагар, дастнигару раҳгузар, харакиву аспакӣ ҳарчанд афшонданду кашонданд, тамоми наёфт. Ҳамон сол соли себ буд. Ва мо низ аз боғи бобои Файзиддин се-чор халта себи раҳшони хубонӣ торчин кардему дар манзили ошное гузоштем, ки ахири тирамоҳ омада мебаремаш.
Офтоби паси абрҳо мисоли арӯси нозпарасту шармолуда гоҳ-гоҳе ба заминиён чеҳра намуда, ҳаворо нарм медошт. Аз кӯча гузарон ҳамдеҳаам Малаҳро дидам, ки дастҳо таки каш, телпаки харгӯшӣ ба сар, шиму пиҷчаки маҳмалин ба бар, рӯ ба роҳ озурдаву шалпар мерафт.
– Акаи Малаҳ, чихелӣ? – аз пушт садо кардам ӯро.
– Шукри Худо, худат нағзӣ бачаи тағо?
– Бо дуои раҳматат фила гардан намедиҳам! – аз ҳоли ҷиддият баровардамаш.
– Мазоҳ мекунӣ-а? – хандид, ба андозае, ки дандонҳои тиллогунаш рахшиданд.
– Не, мефаҳрем, ки дар як шаҳри калон Малаҳ дорем.
– Ҳа-а, шӯх шудаӣ, бачаи тағо.
– Чорчархаат созаст?
– Хуни танаш таровидаст..., – кур-кур механдад акаи Малаҳ.
– Сӯзишворӣ меёбем.
– Биёбӣ, ҳар ҷо бихоҳӣ, меравем.
Ҳамон шаб Малаҳро намедонам, хоб аз дидагони ман гурехт. Торик-торики рӯз аз ҷӯву лой, ки шабона борон зада буд, так-таки пайроҳаи гӯристон гузашта, сӯйи нуқтаи сӯзишворӣ мерафтем. Акси маҳтоб дар сангҳои мармарини болои гӯрҳо мешикаст. Маҳтоб дар назарҳо тарсу метобид.
– Хонаи ахирати инсон.... – дар баландии мазор ба риққат меоям ва хомӯшӣ ихтиёр мекунам.
– Оббо, ҳайфи одамизод. Ба сари манзили тағом кай зиёрат рафта будӣ?
– Як моҳ пеш.
– Баъзе ҷавонҳо усули кандани қабрро намедонанд. Порина дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё