Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Гузари Кӯҳнашаҳр як мурда бӯ гирифт.

— Дар вуҷудам тарсуй бегонааст, — аз пайи Малах шердил қадам мебардорам.

— Гӯристон ҷойи зӯрӣ не, — ба оҳанги ранҷиш гуфт ҳамсафарам.

Ҳикоят мекунанд, марде лоф мезадааст, ки «шабона ба гӯристон рафта мех кӯфта меоям». Ҳазлкашҳо номӯсашро ба ҷӯш оварда, мехезаду ҷома мепӯшаду мехи чӯбин бардошта, ба гӯристон меравад. Болои гӯре баромада, онро мекубад. Аз атроф гӯё садо мешунавад, ки бархостанӣ шуда, лаби ҷомааш дар мех дармемонад. Метарсад, ки мурда лаби ҷомаашро доштааст, галҳакаф шуда мемирад.

Ғиҷир-ғиҷири дастаки сатилҳо хомӯшии гӯристонро мегусаст. Ба роҳи калон баромада бошем ҳам, атроф торик буд. Малах ҳамеша сари дилхоҳ мавзӯъ башавқ гап мезад. Мухлиси ашаддии мардони ғайур буд. Сагҳо мечаккиданду мо ба роҳи худ мерафтем. Ва, то сӯзишворӣ пайдо кардему ба трактори Малах «дум» часпондему одам кофта, «як, ду, се — «ВЗЯЛИ!» — гӯён «асп»-ашро ба ҳаракат овардем, ки рӯз сафеди сафед шуд.

Резаборон хоку чанги раҳу растаҳоро шуста, мумфаршу шишасон метобид. Ҳине ки аз паҳлӯи бозори «Саҳоват» гузарон шудем, Малах чорчархаашро канори роҳ боздошт ва худро тирвор ба анбӯҳи одамон зад. Чанде гузашта, хотираш ҷамъ омад.

Аз шаҳр набаромада будем, ки тока-тока гули барф ба шишаҳои пеш часпид. Малахро чеҳра дилгир шуд, ки балонҳои чархҳои пеш лайсанд. Ғубори тарафи қибла маҳзунтараш кард. Вай дар гардишгоҳи Тангатовхӯр пасу пеши «саманд»-ашро медид, ки мусофирони хунукхӯрда давида омаданд. Мӯйсафеди чакманпӯше гуфт:

— Бачам, хока бигирӣ, зар шавад, маро то болотарак мебарӣ?

— Не.

— Барака ёб, розӣ шав.

— Ягон фалокат шавад, ҷавоб мегӯӣ? Зану кӯдак дорем, бобо!

— То пушти Шаҳид моро бибар, — зорӣ кард ҳамроҳи мӯйсафед.

— Падарам аз гӯр зинда шавад, савораш намекунам. Гап дорӣ?!

Мусофирони сармохӯрда пас гаштанд. Ба чашмони ликқи оби марди шир дилам сӯхт ва хоҳишам ба Малах сахт расид. Ғубор қад-қади дараҳо чодар мекашид. Пеши рӯ ҳамон мӯйсафедаки хунукхӯрдаи чашмбароҳро медидам.

пешина
аз 314
навбатӣ