Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Бад-ин ҷаҳиш озод парид. Ғурури соҳибаш дар замину осмон намегунҷид. Моҳиру соҳиру тоҳир метобид, Малахи мо!

Майдаборон оҳанг менавохт. Сангоби нимаро гузашта бошем ҳам, роҳи дарози ноҳамвор бо «саманд»-и нимсози пурбор тоқатфарсой буд. Ҳофизни ҳамсафарамро шунида, меандешидам: бо ҳама азобу хитобу ранҷу кулфатҳои замона ӯ боз ошиқи зиндагист, ошиқи рухсораҳои гулгуни ёри хиёлӣ. Медидам, ки ба фағонаи дудбаро ба як шавқи беинтиҳо, чунон шавқе беҳудуд, ҳамнафас бо таппиданҳои ёри вафодоре, ки дар нимароҳаш намонда, тансиҳат ба кошонааш мебарад, менигарад. Ду мардумаки чашмони Малах ба роҳи дуру дароз кӯк мешавад. Медонад, ки таноби умраш зиёда шебу фарозҳо доштааст. Вай ба интиҳои ин таноб душвор мебарояд, ҳамчунон аспи пир дар ағбаҳо.

пешина
аз 314
навбатӣ