Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
туфайли нерӯҳои аҳриманӣ шабихун мезаданд, ба муколамаи мардонаи Вазир тан дода, гурӯҳи асиронро озод карданд.
Шодии занро ҳудуд набуд. Ба ҳафт пушти Вазир дуои раҳмат меборид.
Авзои ӯ аз розҳои нуҳуфтааш бозгӯст. Ку дардошнову ҳамзабоне, ки ғами дил бигӯяд. Ғамашро худаш медонаду Худо. «Забони сурх сари сабз медиҳад ба бод!» Шигифто, якрӯву якзабон нестем, гаҳе дар наъл мезанему гоҳ дар мех. Шабон рӯйи ҷойнамоз надоматҳо хӯрда, рӯзон пайи ғасбию зино тавбашиканем. Кӯри пеши пой худему фонуси роҳи дигарон. Муддате бистариясту ба аёдаташ на раҳбарони воломақом, ёру дӯстоне меоянд, ки аз сарнавишти ӯ бохабаранд. На, аз ҳеҷ кас наменолад. Ангушти раққосаки чархофалак якнавохт нест. Рӯзе, ки сари қудрат бошӣ, душман ҳам дар либоси дӯст аз дарат медарояд. Нигоҳи ҷиддӣ ва рӯшани ӯ, бинии уқобсон, пайкари бақувват, дили бекина ва рӯҳи сангинашро мегӯй парвардигор барои амнияти мардум офаридааст. Ғаммозиву каззобиро намепарварад.
Ҳолати ба дидори фарзандонаш пазмон хона меояд. Розу ниёзашро танҳо ба думбураи безабон мегӯяд. Ана, дар ду қаламина роҳ ҳафтаҳо дар ҳуҷраи кориаш мехобад. Бемориаш офият наёфта, ба гапи табибон гӯш накарду ба кор баромад. Оини мардонагиро ба тинати пок ва барои дигарон зистан дармеёбад.
Не, не, ӯ ба ҷуз аз Худо сари тарсӣ надорад аз дигаре. Ифтихори ватандории ӯ бархеру баҳарос андохт. Хостанд ба ҳиллае дар гирдоби носабурӣ тела бизанандаш, санги сари роҳ набошад. Войе, аз ӯ меваҳмиданд, бо ӯ меразмиданд, аммо номардона. Тору пудаш, ки ба таъмини амнияти мардуми диёр месүзад, хоҳу нохоҳ дӯсташ доштанд. Соле, ки бехирад хирадмандро ба саводнокӣ, камондор бекамонро аз тиҳидастӣ ва кӯр биноро маломати шабравӣ мезаду қасди ҷон меситонд, ӯ бе ҳимоятгар, пойӣ пиёда, шабошаб – ҳама ангушти ҳайрат мегазид! – ба ҳуҷраи кориаш озод мерафту меомад. Ҳамон сол соли мор набуд, соли гир-гиру дор-дор бар ғофилон ҳушдор буд, соли наҳс не, соли қимати нарх дар бозор буд. Соли боҷмас соли ғазаби Ҳазрати Ҷаббор буд. Ё соли тирмор буд? Ба мӯйсари сиёҳаш аз ғами тарқишҳои атроф ва садамаҳои рӯҳониву ҷисмонӣ чо-ҷо сафедӣ дамид. Сафедие, ки ба қаду басти расояш мезебид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё