Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Сафед гузашт. Писарак рӯ ба момо ҳайратзада асрор ҷӯст. Аз дурӯғин лафз пиразан шармид. Фуромад писарак аз бағалаш. Ягона муттақову навозишгараш ҳам дурӯғ гуфт. Лафзат шикаст, рӯ метобад кӯдак, шӯмат мебинад. Аз шаб ниҷониб дилаш лабрези гиря, сари мӯ истода буд, аз аршу фарш норозӣ, ба ёди шабпараки сайргар фарёд мекашад. Канда набуд умеди момо ва шабпараки озодаву сафедболро дар парвоз дид. Ба Худо, шабпарак омад! Момо бо нерӯи пирона ғарқаи ҳаяҷону изтироби субҳона баланд хитоб кард:

  • Ана, омад, патоники сафед!... Дидӣ, ҷони мома, мо бо Худо ростем...
  • Ку? Ку?..
  • Ҳӯ, рост нигоҳ кун, бибин пар-пар дорад.
  • Биё, биё, болои кафам биншин...
  • Гиря накунӣ, ҳар рӯз меояд, сӯйи хонаи соҳибаш дилкашол...
  • Тоба кардам, гиря намекунам. Мардакҷаам, а мома?
  • Мардбача намегиряд. Ту гиристӣ, аммаат гирист, мо гиристем, «арвоҷак» омад.
    ...ва шабпараки сафедбол мисоли ёраки хушҳол, аз раҳи дур вориди кулбаи кампири дидаҳош камнур шуд.
    Модарак ҳанӯз дар хоби ноз буд.
    Ба субҳи нав ҷаҳони фараҳ овард, шабпараки сафедбол.
    Аз шабҳои пешин афсонаи шабпарак ёд бод!
пешина
аз 314
навбатӣ