Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
КАБК
Ӯ бомдод аз бонги азон хест, ки рӯшании хокиранг медамад. Кабкашро хабар гирифт: хоб аст. Шабҳо писаракаш низ дар поён — болои катча, дуртар аз кабк хоб меравад. Ӯ ба ҷонварак сахт унс гирифтааст. Лаби кӯрпаро болои писарак гардонд, то хунук нахӯрад. Кабк бедор шуд, ба танаи тахтачаҳо нӯл зад, аз косачаи наздаш оби соф хӯрд ва аввал канда-кандаи оҳиста, сипас қакра зад. Дар субҳи солеҳон долону хонаю дар, берун ҳам пур аз хониши кабки дарӣ гашт. Сарапои ин марди бахираду ҳассосро фарахмандӣ фаро гирифт. Поён фуромард ӯ. Ба рӯдаи резинӣ гулҳои хонаашро об пошид. Дар нигоҳаш гулҳои рангоранг хандиданд, ангури то долон навдазада ҳам. Кабк аз хониш монд.
— Додо! Кабкаху об додӣ? — қадаш ба қафас нарасида, батакрор мепурсид писарак.
— Ҳо, обаш додам! Холӣ барвақт, хоб кун...
Писарак ба таки поҳояш курсӣ ниҳода, ба даруни қафас менигарад. Кабк на дон мехӯраду на об. Чашмони «ошно»-яшро муоина дорад. Писарак роҳи ҷонваракро мефаҳмад, ки ба қуттичааш аз халтаи овезони паҳлӯ як муштак арзан мепартояд. Кабк мерамад ва питиррос мезанад. Ҳарчанд писаракро мешиносад, ҳамрози ӯст, вале мерамад, кабк мерамад.
— Натарс, намезанам... Бихӯр..., — аз панҷраҳои қафаси пурнакшу нигор ба пару боли кабк назар дӯхта мегӯяд писарак.
Бо хоҳиши бачаҳаки хушлафз кабк боре чанд чида-чида дон мехӯрад. Андактар кабки қафас аз дигар нағма пардохт. Писарак хандида фуромаду худро ба ҷойгоҳ андохт. Ӯро дар хониши форам хоб мебурд, хоби бароҳате. Раҳгардонак нашуда дида буд кабкро, болои дастаи гаҳворааш менишаст ва шефтаи овози хеш мехонд. Баъдҳо, аз паси ин кабк чорговак мегашт. Кабки зебо болои қолинҳои сурхосафед ҳиромидан дошту писарак ба думболаш таппиданҳо. Чи орзуҳое мепарварид. Сарзаниш мешунавид. «Нофи ин бачаро ба кабк набуридаем!» — баиллат мегуфт модараш. Танҳо падараш ӯро мефаҳмиду халос. Ва пеши назари ҳама ӯро аз гоҳвораву кабкро аз қафас раҳо медоданд. Дар сурати кабк падараш ва дар симои ӯ кабкро медид. Аз ду яке батаъхир меомад, баалам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё