Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
сари ёға асп давонда, саги «берӯзӣ»-ро аз марг вораҳонад. Солҳои подабонӣ ёд надорад чунин рӯйдодро. Дар ривоятҳо монда буд. Вафодор ҳам шабу рӯз дастёри ӯст, подаро нигаҳбонӣ мекунад, бо ишорае аз пуштаҳо дурӣ намеҷӯяд, шомгоҳон бар-бари аспаш меравад. Надидааст, ки ба бузголае дарафтал. Дидааст серкаҳои бозингарро ҳини шоҳҷангашон дар миёнаи пода. Ин замон арроси сагашро мешунавад, бадкаҳр меронадшон. Вафодорро пеши наздиконаш ситоиш мекард, ба таъриф меарзид.
Аспи бобои Сайид ба пеш медавид. Арақшор гашт бадани ҷонвар. Аз маҳмеҳҳои пайпай пештар медавид асп. Ҷонвар изтироби соҳибашро мефаҳмид. Подабон гоҳӣ худсариҳои асп як ё ду тозиёнааш мезаду халос. Холиё чунонаш кард, ки намедонист аз кадомин пайроҳа битозад. Дар назари раҳгузарон ҷовандоз аз бузкашӣ ақиб мондааст.
Уқоб дар фазо хеле бол афшонд, бол афшонду ба тори кӯҳе рафт. Сайиди Барот дар поён монд. Беҳисоб садо кард, уқоб аз ҷояш начунбид. Саг ҳамоно зери чанголҳош мехобид, нимҷону ба хун оғӯшта. Пирамард лаҷоми аспашро пас гардонд. «Хо-о, ба сарат чунон рӯзи сиёҳ биёрам, ки бача ба бачаат фаромӯш накунӣ! Уқоби харомхӯр...» — аз дил гузаронд мӯйсафед.
Аз саҳар боз чашми рости марди пир мепарид. Ва ҳар дафъа пешомади нохушеро эҳсос мекард. Ба тахмини бобои Сайид саги беғонае, ки дар чанголи уқоб ҷон меканд, аз таҳдашт омада буд. Як назар андохт ба домани кӯҳ. Чӣ аз дилаш гузашт, ки ҷониби бародараш асп давонд. Ӯҳ, зор бимонал, фаромӯшхотирӣ. Ба куҷо равон аст? Мебоист зудтар ба самти чап рафта, аз Абдурауфи посбон туфанг мепурсид.
...Посбони гандумзор нигаҳи кунҷкову ҳашнаси ошноашро фоли бад хонда, ба зудӣ гап наёфт. Дасту пойи арӯси писараш вазнин, аз таваллуди нӣий хавотир мекашид. Чеҳраи ваҳшатҳои подабон шубҳаашро даҳ бар сад мефуҷуд Сайиди Барот мегуфт, ки ғам naxӯrad, ҳама тинҷиву оромист. Ба воқеъаи ғалатӣ ҳеҷ бовар намекард Абдураuf.
— Э мардак! Ба чӣ савганд бихӯрам, ки бовар мекунӣ?
— Ба номи ҳаёту мамот.
— Ба Худо, сагро дар чанголи уқоб дидам... Камоната те, бармегардонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё