Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳола, шӯта Сайқа гуфтем, хафа шудӣ?

— Тобистоно дар гирдаш сагвор ҳалқа мезанӣ-ку. Сайқа ҳаст ё Лайқа, азони манаст, ба ту чӣ?

— Ба далол Сайқа ҳам зиёдатист, — пеши худ гуфт пурсандаву рафт аз паси кораш.

Зани далол овозро шинохт. Оне, ки аз пушти ӯ шавҳараш бо Шарифи «чапан» дастбагиребон шуда буд. Боз номаш Сайқа-а! Ҳаққи ранҷидан дорад, ки баҳору тобистоно бамеҳр Сайидбой, тирамоҳрӯя Сайид, холо ба хавон бинӣ Сайқааш ном мебаранд... Ҳа, ба ягон китоби Худо мусулмон нестанд, онҳо. Худозадаҳо!

Рӯҳ мегирифт Сайидбой Ҳошим аз номи нав. Касе чизе мегуфт, нек ё бад, миллааш ҳам намехӯрд. Ҳамеша дар андешаи нафъи худ буд.

Ба хона нарасида буд, ки кадоме аз пушт овоз андохт:

— Сайқа, о Сай...

— Ҳой!

— Бирав, ҳозир даркор нестӣ. Дар баҳор вармехӯрем.

— Ҷонамастӣ! — мегӯяд аз раҳи соддафеълӣ Сайидбой Ҳошим. Соҳибхона дарвозаро аз пасаш пӯшид.

Дар галу пушта, кӯҳу камар ва дашту даман зимистон шоҳ буд. Барф меборид паёпай. Шомгоҳ он тараф дар бомгӯшаҳо ях пӯлшила мебаст. Курчакҳо дар барфрӯбӣ нолиш мебароварданд. Офтоб ин орзӯи бедорӣ буд.

Шабу рӯзи барфбод дар талу пушта, ҳам дар кӯҳу камар ва дашту даман пайи пойи одамизодро аҳён-аҳён медидӣ, аммо дар харбозор бештар. Сӯйи майдони холӣ танҳо далол Сайидбой Ҳошим меомад. Узви хоҷагие набудаву дар созмоне номнавис ҳам не. Меомад ба харбозори беодаму сардовари пурбарф. Аз хунукии тоқатфарсои монанди чӯби сари дор меларзиду чашмашро кашон-кашон ба майдони пурбарф мерасонид. Баъди он ки ба харбозор меомад, ба танаш ҷони тоза медамид, нерӯву ғайрати нав мегирифт.

Ин бомдод ҳам, ӯ фуфайкашро пӯшида, телпаки кӯҳнаи пӯсти баррагин ба сар хаста, пойтоба баст ва мӯзаҳои резиниро зеби поҳош дониста, бе хайру манзӯр берун шуд аз хона. Шамол пешрӯ барфреза мешаппид. Ҳамдеҳагон аз тааҷҷуб ҳайрону музгар мемонданд, ки одамизод ба ин андоза ҷонсахт мешудааст. Ба худаш раҳм намекунад-е. Шабу рӯзе, ки барф дам нагирифта мебораду

пешина
аз 314
навбатӣ