Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
бидиҳад, бас нест?
— Пааа-а-а-нч?!..
— Ба панҷ доллар хара аз мех намекушом. Савдои хар мурд! Хм-м, ин хар дар Амрико мебуд, ҳатто Буш онро харидорӣ мекард!
— Бечора мӯсафед токабуна ҳаст. Барои як хари ҳаром рондаи ҷаннат шудан намехоҳам.
— Ойӣ, нияти ҷаннатравӣ ҳам дорӣ?
— Аз биҳиштиён чӣ камӣ дорам?
— Арзону қиммат фурӯхтани хари маҳшара гуноҳ намеҳисобӣ?
— Гапа дур набар, бобо. Хара чанд нарх гузоштӣ?
— На кам, на зиёд - изофа бист доллар диҳад, ҳалолаш бод!
— Аз дари хонаат навмедам нагардон, ормонӣ мемирам.
— Ҳо, агар ҳамин хар савдо нашавад, фардо рӯзи қиёмат хунам дар гарданат.
— Бовар кун, Сайидбой, дар гӯшаи хаёлам савдои хар набуд.
— Ҳай балой, ба коре бичаспӣ, мемуриву ҳамонро мекунӣ.
— Биё, розӣ шав. А бача, доллар намефорадат?
— Чӣ бигӯям, Сайидбой?
— Дар сикаву сурати хар гап нест. Ёла бину хӯшаи дума бину паҳ! Аз сумҳош алов мерезаде, асп аст. Дар ин гап носа те!
— Зӯр ҳам зӯру хотир ҳам зӯр, - доилоҷ сар фуровард мӯйсафед.
Дарсоъат далол муҳосил фиристод, ки Нозим маркабашро биёраду хари бобои Шарифро бибарад. Ӯ Худо мегуфт, ки харидор тезтар биояд. Дар тақвими далолии ҳеҷ дафъа савдоаш хом нагаштаву харидоре ҳам навмед нарафтааст.
Аз кӯчаи пойини деҳ марде харсавор омадан дошт.
— Сайқа, о Сайқа!
— Номи наваш мондай?
— Ҳамин хел мегӯяндап.
— Ба дигарон кафилӣ?
Аёли далол ранҷид, баъд хандид, ки зимистон номи Сайидбойро аҷаб вирд меоваранд. Сад бор гуфтааш, ки аз баҳри даложӣ биғҳарад. Рад кард, сазои сараш. Рӯзаш бе даложӣ низ мегузарад. Шабҳо занак зораҳо мекард, ки «...сари моро паст нагардон. Даложӣ шуғли беорест, ки аз вай Худо безор...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ