Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамшафати оғил болои ҳам коҳдарза чида, баъзан мурғон пари коҳро тиг карда, рӯи он тухм мебароварданд. Аёли мӯсафед ҳар пагоҳ зинапояро боло шуда, як доман тухм мегуиндошту хушнуд мефуромад. Бисоти рӯзгузаронии аҳли хонадон мурғакон буданд. Ва кампир шабона хобаш намебурд, агар дар болохона лоакал як мурғ мехобид. Хавфи омадани рӯбоҳи ҳилагар буд.

Ва, сағира дари катакро боз карда мегурезад.
Шабонғаҳ рӯбоҳ чанд мурғро пар канда хӯрдааст.
Якта-нимта ҳамсояҳо аз шумрӯии писари Гулхумор кӯч бастанд. Рӯзи кӯчбандии ошнояш ашки чашмони кампури марди донишманд-ҳофизи «Қуръон» бобои Муҳаммадисо ҷорӣ, ғамолуда гуфт:
– Ё, бор Худоё, рӯзи арасот дар ҷумлаи ҷонварон хараш бихезон!

Мӯйсафедони аламзада «омин» гуфтанд.
Миракро, ки падар аз сар рафта буд, ба хонаи ятимон супоридандаш. Он ҷой се баст обу таъом ва сару либосаш аз ҳисоби давлат буд. Бегоҳиҳо, ҳамин ки муаллимон дамгирӣ мерафтанд, ӯ чашми навбатдорро дуздонда, сар-сари девори як қади одам баланди дабистон рӯ ба гурез мениҳод. Дар хона ҳам оши бародаронашро заҳр мекарду шабона дар коҳдон мехуфт.

Як шаби гармо, бузи думсафеди каҷщохи ба гӯши чапаш нишонадори Суламан Алӣ аз хонаи соҳибаш қаҳрӣ, пушта ба пушта чарида наомад. Соҳибҳонаро таъом аз гулӯ нагзашт. Ҷома сари кифтон, таёқи хурғае бадаст молковӣ баромад. Дашти фарохи назди фермаро дида-дида то подомани кӯҳи Сардиҷ расид. Маҳтоб рӯи раҳаш нур мерехт. Чароғак даркор нашуд. Навмед ба таҳдашт хамбид. Ҳолате аз раҳи тангбар ба кӯчаи дарунтари деҳа аз наси коҳдони Гулхумор мегузашт, нолиши пастакеро шунид.

Чигие ба ёдаш омаду аз пушти дарвозаи чӯбин Сулаймон Алӣ банармӣ садо кардаш:
– Ҳамсоя, ооо!
Саги мобайни ҳавлӣ чаккид. Мардак ҷисмашро паси сафил кашид. Ва хеле дер, Гулхумор берун омада гуфт:
– Кист, а бача?
– Сулаймонам, хавотир нашав.
– Ношинос набошӣ охир, омадан гир.

пешина
аз 314
навбатӣ