Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Чандапушро ба гуфте саг суроғ намекард. Ӯ дили муллои деҳаро ёфта, писарашро чилёсин хонд. Табибе фармуд, ки наҷосати модасагро ҳафт бегоҳи ҷумъа ба танаш дуд андохта, шири асп бинӯшонадаш. Шарти аввалро бевазан осон иҷро кард, аммо базудӣ асп наёфт. Ва донист, ки дар гузари Боло бобои Ҳафиз байтале дорад, ҷавхӯри маст. Говгуме пас аз подаомад ҷонварро бехабар аз хонавода, зери дарахти чормағз медӯшал. Бевазан зарфи ширро аз даҳони асп ба даҳони гов, аз тоҷи хурӯс ба пушти сангпушт, аз таки намад ба зери шиками саги навзод гузаронида, пасон, ором гирифта, ба Мирак менӯшонад.
Деҳагиҳо аз бесариҳои ин сағира ба ҷон сер шуданд: мӯйи духтаракеро гӯгирд зада оташ гирондааст; чашми ҳамсолашро бо хомаи нӯгтези оҳанӣ зада кӯр кард; саги Латифбойро андаруни нон сӯзан хӯронд, ки дар пойини пахтазор мурдааст. Боакҳҳо дар балои маълум чора меҷӯстанд.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷиа волидон сарҷамъ омаданд. Сарвари лоғарандоми тухмсари бемӯйро тӯқии ҷусти обшуста, шиму пиҷҷаки маҳмалин ва галстуки борики тобхӯрда аз будаш зиёд хунукафт медошт. Вай омадаҳоро ба гап мегирифт, ки вақт бигзарад.
Гулхӯмор ба машварат дер кард. Ғалмагали занон ба сақф печид... Сафар Ҳомид ба муовини худ чунин фармуд:
— Ку берун баро, ӯ бевара мебинӣ?
— Намудор нест..., — чанде пас хабар овард Раҳимҷаи Шофеъ.
— Ба мошин бишину рафта ӯро аз хонааш биёред!
— Наёбемаш-чӣ?
— Аз қабри кӯҳна бошад ҳам, биёбедаш!
Бевазану писари ӯро ба фириб — дар мактаб орду рӯган овардаанд! — ҳозир карданд. Гулхӯмор ба ҷои бидонҳои рӯгану халтаҳои орд чиготҳои дарҳамкашидаву чеҳраҳои хашминро дид. Ҳардуро дар курсӣҳон пеш бишонданд. Ба хаёли бевазани содда халтаи ордро даҳон дӯхта, рақам менависанд ва се-чор қадам пеш мебарояду аввалинашро ба пушти Мирак гузошта, худ бидони рӯганро аз дунбол мебарад. Нутқи берабти Сафар Ҳомид андешаҳои ӯро гусаст:
— Маҷлиси падару модарон як масъала: «Аз мактаб сур кардани бачаи Шодмони «талҳак»-ро мебинад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо