Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Бевазани хоболуд ба писараш нигоҳ кард. Шӯҳмизочон қаҳ-қаҳа заданд.

Сафар Ҳомид бо алфози дағал-ҷуғзвор мехонд. Ҳамсояҳо ҳамраъйиш карданд. Бевазани хомфарбеҳи гаранг ҳамранги барзагове, ки бо ду пойӣ пеш то гардан дар ботлоқ ғӯтидаву нафас аз кифтон мекашад, бефарқ аз нимпайкараи Ленини саҳни мактаб имдод меҷӯст. Ҷабркашидаҳо хулоса мехостанд, на табъи бемазмун.

Нотик дар ҳай-ҳайи занҳо аз бевазан пурсид:
– Бачата аз мактаб сур мекунем, чӣ мегӯӣ?
– Мехонд, фоидаи худаш буд.
– Нахонад, айби кӣ?
– Айби муаллимон.
– Дигар кор надорем, ки дум-думи бачаи ту мегардем?!

Машварати волидон қароре рақамӣ кард, ки Миракро бо далели нокисулақлӣ дар дабистон ҷой нест. Бевазани кундзеҳи паҳлӯи аламзадаҳо каф кӯфт. Ҳамсояе аз тааҷҷуб гуфт:
– Ту барои чӣ каф мезанӣ?
– Дидам ҳама чак зад...
– Ҳушат ба куҷо рафт?
– Ҷамоаро дидан дорамо.

Аз як суоли пиразан он қадар моҷаро хест, ки ба волидон менамуд моли падарҳошон ноҳис аст. Милиса омаду Гулхумора сиёсат кард, аз валвала монд. Низомипӯш ҳардуро аз машварат ронд, аммо дар берун муноқишаи пиразанҳо сари мурғи курк гиреҳ хӯрда буд.

– Бева, ҳай дудгалабод андохтӣ, – даҳонашро мазза дод Гулхумор.
– Панд гирифтем, дугона.
– Илоҳӣ, мургота рӯбоҳ бибарад.
– Хурӯсталби меой-о?...
– Як ту хурӯс дорӣ, тамом?
– Мурғи курка фаромӯш кардӣ?
– Тухм накард, зӯрам омад...
– Хурӯси сурх ду маротиба парид ё не, ба сари девор парида рафт.
– Ҷӯҷа баровард-ку, говландӣ.
– Шикамаш дам буд, худаш мезоид.

пешина
аз 314
навбатӣ