Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
— Шайтоне, чӯҷаҳош ранги хурӯси мо: сурхак, нӯлдарозак, тезпар!
— Хурӯса чӣ сар додӣ?
— Зорахота фаромӯш кардӣ?
— Бева, Шодмона ба зардобои сари дил куштӣ.
— Гапи мара гап назан...
— Дар зиндагӣ мардака селобу занака гирдоб гуфтаанд. Ӯ ҷамъ овард, ту гун медорӣ.
— Бало дар теппаи сарат, мурғи курка таҳнам кардӣ.
— Парахои рӯт мухпарзада, чӣ нолиш дорӣ?
— Агар хурӯса намедодам, баракат намеёфтӣ! Э...
— Ҳай майлис кардие. Афсонаи сесона мехонӣ.
Талотуми равандаҳо ба пархоши пиразанҳо нуқта монд.
Арӯсгирии бевазан Гулхумор аҷаб рух дода буд.
... Як рӯзи тирамоҳ бевазан ҷомаи дарида пӯшида, рӯймоли сиёҳ андохта, асобадаст, ашкрезон, хона ба хона гашта, молу матоъ талбид. Он замоно чашми мардум сер буд: ҳар кадомин ба ҳиммат чанд газ чит, сатин, шоҳӣ, ҷома, калӯш ва маблағе додандаш, то камбағал бачаашро обод бикунад. Ашхоси аз Мирак ҷабрдида ҳам некӣ карда ба об партофтанд. Ба умеде, ки ноаҳл зан бигираду соз шавад.
Бевазан хазонаи кӯчаке гун оварда, бо ҳамон ҷомаи даридаву рӯймоли сиёҳ дар бӯғҷаи панҷ-шаш гурӯша қанд, се-чор каф чой, нӯҳ-даҳ дона себро сустак баста, ба хонаи бобои Ҳаким рафт. Пирамард фаҳмид, ки хостгорӣ омадааст, «бевабозӣ намекунам», — гуфт. Хостгор ба шартҳои духтардор сар фуровард. Мӯйсафед аз раҳи савоб бевазанро кам кола фармуд. Саодати ҷигарбандашро хост. Фариза ба рӯйи падар надавид, агар не, аз боби найрангҳои хонаводан Гулхумор деҳагиҳо бисёр медонистанд. Тут ба муроди дили бевазан пухт.
Ахиран, модар бишнид, ки Мирак бо арӯсаш ношинам аст. Пагоҳӣ ба дидорбинии ҷигарбанди худ шитофт. Муродаш хабаргириву бад-ин васила сулҳандозӣ буд.
— Маслиҳатӣ чӣ дорӣ?! Омадӣ, духтарта дидӣ, хезу бирав!
— Одамвор зиндагӣ бикун, — гуфт кампир ва моҳ шом нахӯрда, ба хонааш баргашт.
Пайи пойи пиразан кӯр нашуда, писари шайтон воҳима бардошт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо