Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин хел занак набуданаш сад бор беҳтар аст. Нисфи умраш дар шумори қабургаҳои вай гузашт. Э Худо, ҷуфтҳоро муносиб гардон!

Хусураш хавф аз он дошта буд, ки рафтори беҷои Латиф ба ҷавонҳо асари бад мегузорад. Беҳикмат набувад: «як гови олуда подаро меолонад». Сафари Шарбат дар маҳракае се маротиба шармаш доранд, ки аз ўҳдаи барффурўшӣ намебарояд. Латиф дар танутўш нисбати ҳамсолонам чашм нарасад, хеле фарбеҳ менамуд. Дастони серрагу пай, ишками дамида, чашмони пиёла-пиёла, лабони бурмаву ғафс ва дунбай бозингараш баръало намудор мешуд. Барффурўшӣ — мероси падарро хор кардан намехост. Дар омад — омади баҳор «аскарон»-ашро панҷ-шаш нафарӣ ба кӯҳҳои дур мефиристод. Қиблагоҳаш аз пушт садо мекардаш: «Бачам Абдулатиф-е, ман ку кадом рўз мемирам, васиятама фаромўш накун: нархи курушкан барфа асло пойин нафурор...»

Латиф дар иҷрои васият содиқ монд. Якҷоя бо ҳаммаслаконаш ҳамон барферо, ки аз бориданаш кӯҳу пуштаҳо об меҳӯрд, бо тунукаҳои худсохти нӯкпаҳн дурушида-дурушидаву ба халтаҳои селофанӣ андохта, дар мошине ба бозор оварда мефурўхтанд. Пул мисли барги бед мерехт. Баъдан, мошин харид, бо ошнобозӣ бенавбат замин гирифта, хонаҳои дуошёна андохт, дару тирезаҳоро кошинкориву шишабандӣ сохт ва боз ҳавои зангирӣ. Ба маҳракаҳои деҳ чун пешина - хомӯш омада аз пойин неменишаст, балки бо як гуруру савлати беинтиҳо параи шикамашро бо нӯки ангушти ишоратияш хорида-хорида, нигоҳашро болои сари одамҳо давонида, бе такаллуми соҳибхона боло мегузашт. Ягои касро назараш намегирифт. Бо ҷавонҳо сарду бедимог даст дароз кардаву сӯйи калонсолон ҳам шуданаш нафорида, калла мечунбону мерафт.

Дина рӯзака, шоми ҷумъа, соати аскариравии бачам ҳамсоя Латиф аз ҳама охир омад. Табоҳҳо дегу табакро кайҳо шуставу раворав доштанд. Ӯ калавида-калавида то назди бобои Муҳаммад расиду аз чӣ бошад, ришашро бӯсида гуфт:
— Привет, бабай! Кай омада будӣ?..
— Аз бегоҳ ҳаминҷоям, куҷо мегардӣ, ба милиса намеёбемат?
— Э-э, ту чӣ кор дорӣ ба ма-ан?! Аввал бигӯ, ки эта снег или казлённая барада? Хӯ-ӯ-ӯь! — ин бигуфту аз риши дарози марди пир дошта, кашид.

пешина
аз 314
навбатӣ