Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

мекарду «як, ду!» мегуфт. Амаки Абдухолиқ ба майли тамом теги дасташро ба поку совида-совида паҳлӯи Шавкат наздик омада, рӯ ҷониби баландгӯяко, нағмаи ҳофизонро интизор истод.
Ҷононаи нағзи ман-е-е-е...
Бодоми ду мағзи ма-ап.
Бодом кӯ ду мағз дорад-е-е-е...
Ку ҷӯраи нағзи ма-ап?
Хе-е, устои лангӣ сартаро-ош,
Сара покиза таро-ош...

Аргуштравиро хурдсолон оғозиданд. Духтараке дар майдон шӯх мечархид. Бобои Муҳаммад яксомониро ба гӯшан рӯмоли вай часпонида, панҷсомониро ба даври сари шоҳ чархонду андарӯни матои гирди гарданаш ҳамоил партофт. Базм меғапсид. Аҳли таборро номус ҷӯшида, пулборон карданд шоҳро. Раққосаҳои таннозу хиромон ҳаваси давлатмандонро оваронда, гирдашон печ мехӯрданд. Ҳамзамон мардон дар ҳавои истигношон масту маҳмур ба бехи гӯшу сари зулфҳошон «баргаки сабз» мечаспониданд. Ин манзара хаёл медуздид, ки як букридухтари пир ҳарчанд гарданак мезаду кифт меҷунбонд, абрӯ мепарронду гаҳе дандонҳои тиллоашро намоиш медод ҳам, ҳеҷ кас ба ӯ таваҷҷӯҳ намекард. (Ӯ хеши наздики шоҳ ба шумор мерафт!) Аз бадрӯ рақсидани хунукрӯ дигарон шармида, гиребон доштаву механдиданд. Букридухтар бетаваҷҷӯҳиро эҳсос кард магар аз давра берун шуд. Ба ҷояш ҷавони бодичаи лоғараки гӯшҳои качалае ба майдон омад, ки аз ханда даҳон то бехи гӯш дарида, чапу рост тоб мехӯрд.

Ҳофизи тӯйгард ба давра модари шоҳро надида, васфи ӯро месуруд:
Олуча гул мекунид-е,
Духтар ба гул механдад.
Э, оҷаи шаҳ, теғ намегирад,
Сартарошоне-е, метарошонем-е!

Духтаракони аргуштрав Шамсияро тефкашол ба давра кашида, дастонаш базӯр хоӣ хӯрданд. Намедонист чӣ ранг бирақсад. Ҳаётан ба саҳна набаромадааст. Даме качу рост чарҳиду сараш ҳам аз давра берун рафт. Нақароти ҳофиз ба сари номҳои бобову бибӣ, аммаву хола, додару хоҳар, алкисса, ҷамъи табори шоҳ гиреҳ меафганду давра ҳусну мегирифт. Ҳофиз бобои дардманди шоҳро

пешина
аз 314
навбатӣ