Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
меҳмони нохонда дарафтод. Рашк саропояшро печонида, аклаш гурехт, чашмонаш сиёҳӣ зад, ки ба рӯву мӯйи зан панҷа андохта мекашид. Мӯйбуридан тарсхӯрда дар пушти Латифи ширакайф паноҳида буд. Шамсия ҳардуро ба душворӣ дур андохт. Ангуштони соҳибхона дар мӯҳои зани попараҳна печида, доду вовайло мегуфт. Дили соҳибхоназан ба ин тар нашуда, ӯро басилтоб мекашиду аз гарданаш мегазид, хунсораш мекард. Меҳмони ҷувозтани мӯйбурида ҳам ба ҳуҷум гузашт. Калонҳо аз сулҳандозӣ панд гуфта, ҷуръати амал надоштанд. Сартарошон ба майдони ҳарб омехт. Шоҳи нимҷон баазобе ҷисмашро аз тайи шаттаву шалоки занҳои шаттоҳ раҳониду рӯймол ба гарданаш кашол, дартоз гурехт.
Худиву бегона аз ин манзара тааҷҷуб мебардошт. Шаввозҳо сиёҳтӯйшавиро хуш доштанд. Бобои Муҳаммад ба нишони салоҳандозӣ теғи Шамсияро меқаппид, ки меҳмони сурхинарӯ дар манаҳаш лагад фуровард ва мӯйсафед калладав хӯрда, саллаву тоқияш ҷудо-ҷудо афтиданд. Шӯру ҳангомае дар ҳавлӣ бархост. Вакипро аз давра бурданд. Зардони маддох пеши Латиф афсонаи зиндагӣ мехонд. Хонадарободӣ Шамсия оқибат занаки ҷувозтанаро ғалтонд. Чанде ӯро ба мушт ҷудову шатта ҷудо кӯфт. Ғайрати қабудчашмро одами маҳшар суст карда буд, аз пойини кокулони ҳарифашро мекашид. Латиф аз тарс ба миёна намедаромад, саргардони дунёи худ буд. Бебахс, рӯбоҳ дар хонаи худ шер аст. Ҳолати афту дарафт дандони Шамсия ба гӯши чапи меҳмон халида, сахт газидаш. Каҳ-каҳаи хурдсолон ба ҳаво печид. Кабудчашм фосилае аз чанги Шамсия хато хӯрду ҷонҳавл дар пушти анбӯҳи занони раҳмдил паноҳид. Зани кокинаи бадкинаи хашмолуда ба ҳамсараш дарафтода, гуфт:
– Ноасли ҳаромӣ, холӣ бачата зан надода, худат арӯс овардӣ?!
– Э, беакл, вай ҳамкорам...
– Киро фиреб медиҳӣ? Доимо мегуфтӣ: «Ӯро рӯзи тӯйи писарат гирифта наёрам, рӯм сиёҳ!» Дар могамат бишинам, зангир-э, хоҳ як намозхонша нагирифтӣ, ки бисӯзам? Ҳе, дар даханат...!
Шамсияи дарҳашим ҳамон зайл чобукона давида, ба рӯи шавҳараш низ панҷа мезад, ки Латифи ширакайф усули ҳамлашро фаҳмида, дами роҳашро баст ва кокулонашро ба дастҳош печонида, аз миёнаш бардошту бурда болои тали кохреза партофташ. Мардак девонаавзо менамуд. Ӯ хост занакро мурданак бизанад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо