Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
фиғони аҳли табор баланд шуд. Ё бор Худоё, ҳаминҳо буданд, ки гоҳи қадбақади Шамсия бо меҳмони сурхи нарӯ ба лабон кулӯх молидаву оромак, базавқ менигаристанд. На, ҳолиё бар зояндаи Латиф нафрин хонда, аз ҳавлӣ пай канданашро мехостанд. Мавҷи хушунат мардакро аз ҳавлӣ баровард ва машинашро дар дода, бо хонумаш рафтанд.
Бобои Муҳаммад аз васвасаи шайтон кебида, манаҳашро молида-молида, дандонҳои сунъиашро ба чебакаш андохта, безори тӯйи бемаънӣ, ба ҳавлии худаш гузашта буд. Воқеан, тӯй бе сарвар монд. Шукр, ҷойи вакили собиқаро бо хоҳиши модари шоҳ Абдувалии ҷовандоз иваз кард. Ӯ нав расидаву аз асри гап бехабар буд.
Инсони соддадил мутоибаро дӯст медошт. Дар ҳавлии андаке пештар садои мусиқӣ танинандоз сукунати ғайриоддӣ, чеҳраҳои пуркидаву ваҳшатзадаи хешонро аломати беҳофизӣ ангӯшта, ба Зардони такя ба девор гуфт:
— Дойразаниву ашулахонро сар кунед. Набошад, худам хофизӣ мекунам!
— Сер шудем! — баробар киноя заданд духтарон.
— Аҷаб замонае. Ба вақтхушишон талош бикунӣ, нозу нузашона бин-а!
— Айби замона-чӣ? Худамон бетавфиқем..., — ба ёди ҷовандоз ҳикояте лутфомез расиду андӯҳи дилҳоро рабудан хост. — Чаро мунофиқ мегардем, дунёи ахирата намеандешем? Замоне буд, ки бенибову бериё аз номи давлат бардурӯғ ҳарф зада, дари масҷидҳо-хонаи Худоро бастем. Гӯш фаро бидеҳ ба ин ҳикоят, ки мо чигунаем.
...Дар як масҷиди ҷомеъ нигаҳбонаш хизмати хосу ом ба ҷой меовард. Орифони худошинос аз ҳар сӯву канор гирди ҳам меомаданд. Ва, зиёратгарон дар ободии масҷид ба қадри ҳиммат дар сандуқи хайрия ҳисса мегузоштанд. Шӯҳраи хазинадории масҷид оҳиста-оҳиста аз қаламрав берун шуд.
Нимашабе се тан ба молу амволи масҷид шабехун задан мехоҳанд. Иттифоқо, мӯсафеди ҷорӯбкаш ҳамон ҷо буд. Роҳзанҳо аз рӯи маслаҳати пешакӣ ба ӯ дармефитанд, то овозаи дуздишон ба кӯча набарояд. Як роҳзан теғи алмосгунаро дар маки ҷорӯбкаш монда, мефармояд, ки ҳарчӣ тезтар дари хазинаро бикшояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо