Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
— Хурмои бечораро олуда накун. Бехаё! — мусафеди хашмин доси алмосранги шохаи тутро чангида, духтарашро гирдогирди ҳота сур кард. — Агар пора-пораат накунам, рӯям сиёҳ! «Хеш бикушад ҳам, дар офтоб намепартояд».
— Пирдухтар мешаваму Гуреза намегирам!...
— Ҳа, намегирӣ-а! Гурез аз дигарон чӣ камӣ дорад? Шаласт ё кал, караст ё кӯр?!
— Намегирам, тамом! — пуризтиробу даролуда буд овози Санавбар.
— Мегирӣ! Ҳеҷ пайванди мо ба ошиқӣ шӯ накардааст.
— Ба саг мерасаму ба ӯ не. — Санавбар аз алам ҷониби ҳуҷра давида, худро паси таҳмон зад, ба гиря дилашро холӣ кард, аз бахти сиёҳаш нолид.
Ошиқон бинои эҳтироми волидайнро киромӣ дошта, ба рӯяш намедавиданд. Чаро ки мавриди акс баракат аз касбашон мепарад. Ба умеди зиндагиву бандагӣ мадад меҷӯстанд аз само. Ку дастони саҳое?
Ҳафта дар нигоҳи Санавбар тез гузашт. На ба гиря ором мешуду на ба тасаллӣ. Рӯзи таъйини тӯй — шанбе, бароиш истиқболи марг буд. Ҷонаш фидои аҷал бод!
Духтар ба ҳар ҷое қадам мегузошт, «сояҳо» ҳампаҳлӯяш меларзиданд. Қуттичаи рӯған мекофт ӯ. Ин ҳолатро фаҳмида, хоҳари зиракаш хабар кашид. Модар нафасе дурӣ намеҷӯст, ки мабодо дар хонадон бадбахтие рух надиҳад. Зан мардум зудбовару сустирода мешавад. Яке худро оташ бизанад. «Ном дар ҷаҳон мемонад».
Саҳни ҳавлии бобои Раҳматулло аз ромишгарону раққосаҳо пур буд. Рағбати занҳо аёнтар ба мушоҳида мерасид. Билхоса, духтарон беқарорӣ доштанд. Аз оғоз то анҷоми тӯйро ҳатман боистагӣ бидонанд. Онон ҷуз ба ҷузи тӯйро муҳокима мекунанд. Бифаҳманд, ки арӯс ё домод пошнам аст, асп ёфтагӣ барин хушнуд мешаванд. Чанде дар кӯча, хона, лаби чашма, хати об ва ё сари бозор манаҳ зада мегарданд. Эҳ, ин занҳо!
— Дугона, бовар кун, Санавбар зеби ӯ сағираи рӯдапо надошт. Дареги умри ҷавонаш».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо