Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

«– Э вой, дар куҷо калон шудай?»

«– Ғалат гуфтам-чӣ, ҳи-ҳӣ-ҳӣ...»

«– Бефаҳм, намедонӣ, одама маблағу мансаб ҳавой мекунад.»

«– Фарз кардем, духтар медоштӣ, ӯро ба ҳамин хел рӯдапо медодӣ?»

«– Чаро не, духтар ку надорам, лекин ба хотири пули калон ту ҳам бошӣ, шавҳари дигар мекунӣ».

Занҳо аз тахти дил механданд.

«– Ба шунидам, Сайёд ба шаҳри дуре хонданӣ рафтааст. Ӯ меистод, ана, «тӯй»-и ҳақиқӣ мешуд».

« – Порина як ошиқи зӯр дар Файзободи поён хиёнати маҳбубаашро фаҳмида, арафаи тӯй аввал хушдоман, пасон, духтари ӯро кушта, бо пойӣ худаш ба даъвихона рафта буд».

« – Ойе, аз духтарҳои инзамона битарс. Хубаш сари маҳал рухсатшон додан лозим, ки...»

Шаб аз нисф мегузашт. Хешон баҳри ризояти арӯс чора меҷӯстанд. Сарҳисоби воситачиҳо гум буд. Санавбар лобаҳои модари мушти пар ва сиёсати падар пеши рӯ, азият мекашид ва қарибиҳои субҳ тану нафсашро бахшид.

Муҷдаи розигии духтар дар тӯйхона раздосо паҳн шуд. Ҳозирин «ҳа»-и духтари ҳамсояро ҳамзамон ба хонаҳошон бурданд.


Солҳо чун турнаҳои даргузар пораи торих мешуданд. Баҳорон ба дили Санавбар беҳӣ намеовард. Умраш бо шавҳари майзада талх мегузашт. Орзу дошт, ки лоақал боре ҳам бошад, чеҳраи Сайёд ба хобаш биояд. Ӯро сахт ёд карда буд. Чӣ тақдирест, ки маҳбуби худро нагириву сар дар болини бегона гузорӣ.

Гурез баъди кор ба зодрӯзи як рафиқи савдогараш меҳмон шуд. Соҳибҷашн маъракаро диданӣ орост. Шабинишинӣ бе нӯшбод намешавад, гӯё зеб надорад. Забони соқӣ хориду ба Гурез навбати сухан дод.

Меҳмони маътали ишора лабонашро лесида-лесида аз ҷой хест. Ӯ кай, дар кадомин майкадаҳо дӯстӣ варзиданашро бо соҳибҷашн қисса мегуфт. Баъзеҳо косаҳои таомро пок-покиза хӯрдаву лаб лесида, байнихудӣ ду-се қадаҳ ҷанг ҳам андохтанд, вале ӯ ҳамон масти бода сухан мебофт. «Зиёрат»-и хонаи ахлоқашон ҳамаро ҳандонд. Сонӣ, ширакайфҳо мастомаст хестанду даступокӯбон, дар ҳавои мусиқии ҷазз, ба таъбире хонаро хук хезонданд.

пешина
аз 314
навбатӣ