Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Байогаҳ девори хонаро касе куфт. Пиразане сар аз ошёнаи сеюм бароварда ба илтиҷо мегуфт:
— Парвардигоро, ин чӣ балояст? Ҳамсоя, пасттар гап занед, бачаам касали вазнин...
Соқӣ не, Гурез ба хашм афтод. Кӯдакӣ ҳамсоя ором намегирифт. Кампир дид муроде ҳосил намешавад, ба маъракаи зодрӯз омад. Ӯ ба донотароши замон гуфт:
— Пирсаги беимон, аз гапзанӣ даҳонат мӯй баровард-е! Иззати меҳмонита бидон. Овозат дуди поиз барин ҳама ҷоро гирифт.
— Бева, сарама гаранг накун. Зуд бигрез, ки ба хунат ташнаам!...
— Э номусулмон! Медонӣ, бачаам — дар наъзи ҷон... Ё рафта милиса биёрам?
— Милисаи ту худаш кӣ? Одамаст ё...?- бафахр бо фӯкаш осмонро харошида, чор зад Гурез. — Ме-ент!!
— Милисан ман-шӯп занат, фаҳмидӣ?!
Ба ҷуз ин ду тан ҳама сар ба сукут рафта буд. Амри бемуқаддимаи зан мӯй бадани нотиқи бодиро сих занонд. Замину замон пеши чашмони мургакраваш ба гардиш омад. Хонашер бавалвала пеш ҷаҳиду ба қафаси дили пиразан шатта фуровард. Кампир ба тахтаи пушт ғалтид. Даводаву паропар сар шуд.
Воҳе, аз зарбаи шатта дили заъифи ҷисми шариф аз кор монд. Фалсафан умри одамӣ ҳамин будааст.
Даме Гурез ба худ омад, ки паси панҷараи оҳанин пушти дасташро газида, пакарнамоӣ қадам мешуморад.
Чанд рӯз пас ба номи Санавбар даъватнома расид ва духтарчаҳояшро пешандоз ба мурофиа бурд. Гурез ба чашмони шарарбору пазмони зану фарзандҳош нотавон менигарист. Харчӣ зуд аз хоначаи сарди рутубатноку дилгир гурехтан мехост. Аммо нобиноро чӣ мефорад, ки ду дидаи бино. Духтарчаҳо дастон ба гардани падар ҳамоил, якзайн мегиристанд.
Баъд аз як моҳи бутун Санавбар бо шавҳараш маротибаи охирин – ҳини ба мошини рӯпӯш саворшавии ӯ, дидор диданд. Худо, душмани касро ба рӯи сиёҳ нарасонад! Гурез даст афшонда натавониста, аз кӯдаконаш дида барнамеканд. Қатраҳои ашк аз параҳои рӯи харобаш метаровид. Ин ашки ниҳоде буд, ки пешобиши зиндагиро роҳи ҳамвор пиндоштаву инсону хасро баробар медид.
Оё аз ин баъд нигоҳи ӯ ба одаму олам тағйир мепазирад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо