Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
— Зормонда дарахти тӯғ хайр сахт будааст, гурумаш бисёр. Биё, ба хона бидароем.
Аз чодари сафеди осмон лашкари барф бозингар омадан дошт...
Ва ҳарду пасопеш вориди хона шуданд.
— Додар, бачаам дар чӣ балое гирифтораст. Ӯ бе гап тилгром роҳӣ намекунад, — гуфт падар лоқиашро аз миён кушода.
— Нията нек бигир. Худам шаб хобаш дидам, — тасалло бахшидан хост бародарашро Искандар.
— Чӣ сурате дошт ба хобат?
— Аспсавор буд, бепарво мерафт ба роҳаш.
— Асп дар хоб давлат аст, мегӯянд. Мегӯӣ хазина ёфта бошад?...
— Дар бедорӣ қадр надорад, хари бечора.
— Биҳез, рафта асбобу анҷоматро гундор. Бо хонаводаат хайру манзур бинамо, ба роҳ мебароем.
Мӯйсафед инро гуфту овоз дод, ки либосҳои сафарнашро биёранд. Шимu фуфайкаи пахтагинашро пӯшид, мӯзаҳои хироми рангзадаашро ба по кашид. Ҳа, аз таки фуфайка пеши бари пиччак нишонҳои меҳнатиашро овехта, ба сар телпак монд, ба гуфти кампираш хусӣ даровард. Бародари ҳайратзада — лоилоҷ фармудаи ӯро ба ҷо овард.
Бо дуоҳои хайри мӯйсафедони деҳа озими роҳи дур шуданд.
Бобо ба курсӣ нарму мулоими тайёра пушт ниҳода, гузаштан пачандон дурашро ба тасаввур мегирифт.
...Офтоб партавашро аз домани кӯҳҳо нагундошта, чир-чиракҳо аз бомгӯшаҳо дурӣ наҷӯста, шеърхонии гулдухтарони пахтачин қатъ наёфта, ба бобои Маҷид хабар оварданд, ки Сайёд аз деҳ баромада рафт. Ба куҷо? Чаро? Нафаҳмид. Худро фиребид, ки ин гап барои тарсондани ӯст. Панҷшоҳа дар даст миёнаи хирмани пахта музтар монд.
Шомгоҳ хона омад. Аспашро дар гулмех баст. Ҳини ба дастони ӯ обрези занаш бад-ин оҳанг шиква оғозид:
— Мардак, бачат қаҳр карда рафт!
— Бача паррончак шуд, хона бароиш тангӣ мекунад, — шӯхӣ фаҳмида буд гапи рости ӯро.
— Ҳазл намекунам, ба чӣҳое савганд ёд карду рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо