Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
чойхонаи барҳавои пуродам то ҳатто ба ӯ ҷой расид. Марди пир худро тавре меангошт, ки шаҳрро кайҳо дидааст.
Раҳгузарон ба мукофотҳои пеши барқи мӯйсафед аҳамият надиҳанд ҳам, одобу муомилашонро хаёлан нусха мебардошт.
Искандар аз ин пеш ба Маскавшаҳр омада буду тарзи ҳамсафарӣ, одоби муошират ва ба кадом нукта рафтанашро хуб медонист.
Шаҳраки бошаҳомате буд, бинои олимон. Сайёд падарашро рӯи хараки сахти хобгоҳ дида, бовараш наомад. Ба истиқболаш давид. Падару писар оғӯшбаоғӯш ашк мерехтанд. Бобои Маҷид мегирист, ки намурда ба дидори ҳам расиданд. Ҳозибаву кашише дорад, меҳри пайвандӣ.
Сайёд меҳмонҳоро то ҳуҷраи хобаш роҳбалад шуда, аз чевон тӯрхалға гирифту «ҳозир меоям» гуфта аз дар баромад. Бародарон аз муҳити сарду зиндагии берангаш ба муҳокима пардохтанд.
– Зан гирифта бошад?- ба додараш маънодор нигоҳ кард падар.
– Гашта биояд, мефаҳмем...- маҷаллаеро варақгардон пешоннашро молида гуфт Искандар.
Яке буд Сайёд хандида-хандида дарро боз кард. Вай аз тӯрхалтаяш ним кило ҳасиб, даҳ дона тухм, нонҳои гарм, як шиша чурғоту маска ва чанд бандча пиёзу кашнич бароварда, болои миз гузошт. Дар чойнике чой дам кард. Нигоҳи андешаманди падар ба мӯҳои мошубиринҷи писараш афтод, банди дилаш ларзиш хӯрд.
«Бачам дар ғарибиҳо хору зор шудаву ба мӯҳош бармаҳал сафедӣ дамидааст...»
– Барои чӣ хат наменависӣ?- суханро аз гила сар кард амаки Искандар.- Коғазу қалам надошта бошӣ, бигӯ, роҳӣ мекунем.
– Кори илмӣ менависам...- аз дурӯғин ҳарфаш ҳиҷолат кашид писари мӯйсафед.
– Танбалам бигӯ, наход, ба мактуби саломатӣ навиштан вақт наёбӣ? Хонаводаро ба касал андохтай.
– Гунаҳкор моем!- таҳдор садо баланд кард бобои Маҷид.- Зиндагиат чӣ хел? Тилром додӣ...
– Зиндагӣ... ба сарам фоҷиа овард...- канда-кандаи ғамолуда гуфт Сайёд.
– Фоҷиа?!- ҳаросону нимхез ҷӯё шуд амакаш.- О, танат сиҳат ё ба садамае бархӯрдӣ?
– Чӣ воқеае рӯй дод?- аз ҷонҷони фарзанд ҷонаш сӯхт мӯйсафедро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо