Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Марияи меҳрубонам вафот кард... - ҷавонмарди хандон якбора маҳзун шуд. - Аз танҳоӣ ба шумоён тилгром равон кардам.
  • О, ҳамина бигӯ-да, ҳамаро тарсондӣ. Обӣ адо шудаӣ-е!
    Падар аспи гапро фаҳмида, нафаси осуда кашид. Аҷаб не, аз раҳи дароз омадааш афсӯс ҳам хӯрд. Хомӯширо ҳуштаки раъдосои паровози равона бо изофаи гурриши тайёраи фуруд оянда гусаст. Азодорӣ поён ёфт. Амаки Искандар дарди пайвандадро хубтар фаҳмид. Падар ба худ мепечид аз алам абрӯвонашро мемолид.
  • Оҷамам нағз аст? Тансиҳатимаш чӣ хел? Бечора оҷамам...
  • Аҳсант, оҷаат ба ёдат зад-е, - аз бемеҳрии лахти ҷигараш хурӯшид падар. - Намешуд, ки аввал аз ӯ ҷӯё мешудӣ? Пеши дусту душман ҳам кардӣ сари моро.
  • Фахр бикун, ки бачаат дар Маскав мехонад.
  • Дар зиндагӣ дастам нагирӣ, баъди марг сари гӯрам «Қуръон» бихонӣ, чӣ суд?
  • Мусулмонӣ оҳиста-оҳиста, падар.
  • Дунё охирзамона, ғунҷишкбача оҷаша чив-чив нишон медиҳад. Аввал ақлу фаросат ёд бигир.
  • Додар, дуои мӯсафеда бигир. Хуб истодӣ, бас. Чизу чората гундор, ҳамсафар мешавем.
    Сайёд аз ранҷиши падар ва маломати амакаш дарёфт, ки дуои пиронро гирифтан воҷиб аст. «Олимшавӣ осон - одам шудан мушкил». Чандест дар ин шаҳри пурталотум худро ҳақиру танҳо мебинад. Шабхон ахир модари пирашро хоб медиҳу ба сар сокини деҳ буданро мепарварид. Вале чун рӯз мешуд, аз раъяш батамом мегашт. Ин карат дар азмаш устувор аст.

Ӯ ба деҳа баргашт, ба хонае, ки замоне дар гӯшаи он гаҳворааш меҷунбид. Зодгоҳашро ношинохт, шаҳракро мемонист. Пири гурўғлисарои маҳалла бобои Қурбоналӣ Раҷаб, ки пештарҳо дар хараки паси дарвозааш менишаст, наменамуд. На харак буду на дарвозаи чӯбини ӯ. Пиразани шинос ҳам пешорӯяш наомад. Хурдсолонро намешинохт, калонҳо вайро нав медиданд. Дарахтони тути шириндораи лаб-лаби роҳро канда, пиёдароҳи симонтӣ сохтаанд. Чинорҳои пир аз сар хушкида, ба шигоҳ барҷо метобиданд...
Волидайн аз дидори фарзанди солҳо пазмон болида, ба замин

пешина
аз 314
навбатӣ