Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯл хӯрда раҳ мегаштанд. Бобои Маҷид ҳамон лаҳза бо қассобе ягона бисоташ буккаи зотиро хобонда куштанд. Ҳавлии пирамард идгоҳро мемонд. Ҳамсояҳо яке пайи дигаре ҳолпурсии меомаданд.
Дар миён чанд моҳе аз умри мову шумо гузашт.
Баҳор ба талу пуштахову водиҳо ҳусни боназокате ато намуд. Сайёд ба ёди ошиқҳои даврони пешин мафтуни зебоиҳои деҳаш сӯи адир шитофт. Санҷиде, ки шабҳои дур аз диёр ба бӯяш зор буд, хазони дида буд.
Ӯ бо шоҳиди қиссаҳои ишқи покаш танҳо монд. Шоҳаҳои дарахт яксара хушкидааст. Яке нигоҳаш ба подаҷо ваρχӯрд. Шахсе рӯболо омадан дошт. Чеҳраи шинос торафт наздик меомад. Санавбар номашро шунавида, дилаш ким-чи хел гум зад. Мегӯӣ санҷиди пир ҳаками муҳаббату хиёнати онҳо буд.

  • Ассалому алейкум, Санавбар!
  • ...
  • Ту ҳам ба ёди санҷид омадай?
  • Ҳо. Бехунар, сад сол мегуфтӣ, интизор мешудам.
  • Пас, чаро аҳд бишкастӣ?
  • Сайёд бехунар бошад, сайдаш азони дигарон мешавад.
  • Шавҳарат киву чикора?
  • Як бандаи хокӣ.
  • Эҳе, муборак шавад. Ӯ чӣ кор мекунад?
  • Шаҳтакор буд...,- Санавбар аз ҷӯши алам ҳиқкас зад.- Менӯшид. Табобат гирифту бас накард. Як сол пеш, дар зодрӯзи ошнояш сари мастӣ кампиракеро зада кушт. Якумрӣ ҳабсаш карданд. Баъди шаш моҳ хати сиёҳаш омад. Кӯдаконам дастнигару дарбадаранд, бекасу ҳакир мондаем...

Маҷоли Санавбар ба идомаи сӯҳбат нарасид. Ва ҷавонмард худро шарики ин ҷиноят донист, ки ба сари чанд тан даҳшат овардааст. Лек охир аз тарси падари ҷоҳили духтар ӯро ҳамроҳ бурда натавонист. Духтардузӣ амали марди асил нест. Месозад гуноҳашро бишӯяд, вале ба кадом роҳ? Магар ҷавонзан гуноҳи ӯро меомурзида бошад? Гардани качро шамшер намебурад. Омурзиш ба хотири ишқи аввал!
Бибин, санҷид пир шудааст...,- оҳкашон Сайёд шоҳаяки хушкидасро бамеҳр молида, муассир истод.

  • Баҳор омад, сабз мешавад,- Санавбар аз фарози кӯҳи намаκ дида барнамеканд.
пешина
аз 314
навбатӣ