Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сӯйи хона баргашт. Насим чашмонашро пӯшид. Нафасе ба такяи девор ҷиҳое аз сараш гузашт. Таксӣ мебуд, аломати шартӣ медошт. Дӯст ё ҳамкораш будагӣст. Бӯсобӯсишонро намедид, аламаш намеҷӯшид. Сар аз ғояти калонӣ миёнаи панҷаҳош ҷо намеёфт. Хаданги номус ба ҷигараш зад, фишор хӯрд дилаш. Аз хавфи он ки зан пай бибарад, моҷаро мехезад, ба чойхоб даромад. Афсӯс, рақами ҳамон мошинро нанавишт. Эҳтимол ягон шофири раҳгузар то назди хонааш овардааст, баъд-чӣ? Ӯро бад ном занад, кирову чиро далел биёрад? Магар ҳамон Намози дойрачиро? Тавба, аз бадгумонӣ!

Ҷавонзан аҳли хонаводаро хоб ангорида, нӯк-нӯки по рафту дар ҳуҷра лампа гиронд. Гурусна, ки буд, ба ошхона гузашт. Ҳини ҷумбуҷӯл пиёлае аз дастонаш раҳо хӯрду шикаст. Насим харосон чаҳида, ба оҳанги ғамгузорӣ пурсид:
— Чӣ шикаст, ҷонакам?
— Пиёлаи кабуд.
— Оқибаташ бахайр, ҳар балое бошад, сари ҳамон пиёла монад.
— Об менӯшам гуфта... Ташнаам, ташнаи об!
— Дер омадӣ...
— Майлис буд, - камфараху ҷиддӣ гуфт Сокина...

Мардакӣ содда бовар кард. Соли нав хопадоршавӣ завҷаи мӯҳтараман ӯ ба коргоҳ роҳакӣ мешуд, ба рухсораҳои Насим бӯсаҳо зада, «то омаданам худакта бедор бигир!» шӯхиомез таъкидаш мекард. Шавҳар ба ҳар фармони ӯ дар итоат буд. Холиё занак бедеро ба сафедор кордор нест. «Муаллими баобрӯ ҳисоб мешавам. Дар маъракаҳо аз садоқату вафо ҳарф мезанам, - мевиречид Насим. - Ахлоқашро ба муҳокима гузорам, мумкин думгозан баҳсу мунозираи мо то кӯча барояд. Шармандагӣ! Сабр аз гӯшан имон аст...»

Сокина дастархон густурд. Мардак ҷомаи алочаашро сари кифтонаш партофта, омаду болои диван дароз кашид. Китоберо кушода, сар-сарӣ нигоҳ давонд. Ҳарфе дар мағзаш нашишт, ки муқоваи «Ҳазору як шаб»-ро боҳам баст.
— Ҷонакам, хаста менамой, майлис ба тинҷӣ гузашт?
— Барои ту якумр зеборухсор намемонам. Пир шудаам, ягон духтари хушрӯ кофта бигард.
— Шӯхӣ бас, аҳволат чӣ хел?
— Бад!

пешина
аз 314
навбатӣ