Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Як ба атрофат назар андоз, рафиқ муаллим! Бибин, мардуми олам чӣ хел пеш рафтааст.

  • Соқина, биё, ба роҳи рост бидаро. Гуфтанд, бовар накардам, бо занаки қафқозӣ шаробнӯшита дидам. Дер нашудааст, баргард аз ин роҳи хато. Сангама сабук накун, миёни мардум.

  • Ту, муаллими хасис, ҳар қадами маро мепоидай? Гилеме надоштӣ, ки андохта хоб равӣ, одамат кардам!

  • Илтимос, аз ин роҳи бад бигард. Сангама сабук накун, миёни мардум...

  • Эҳей, хоб дорӣ! Бидон, ки кабк дар қафас парвоз гум мекунад.
    Ман ҳамон кабки мастам, ки ба осмон паридан мехоҳам. Парвоз дорам, рӯ-рӯи гулу себаргаҳо, ба тарфи боғу чаманҳо. Дигар гап дорӣ, муаллим?

Маломати мардум муаллимро ҳақиртар мекард. Хобаш намебурд, шабҳо афкори чигилу мубҳам ба ҳастияш печида, шабеҳи осмони абролудаву пуртундар ба ҳар ранг радду бадал мешавад.
То кай душманро баханда мекушод. Чаро ҳамсарашро дар шифогоҳ ба кор монд? Маоши Насим ба саранҷоми зиндагӣ басанда буд.
Ва ё дар деҳа мемонд, аз ин азоби рӯҳӣ ҳазор маротиба беҳтар буд. Талабаро сахт гирифта, аз бинӣ боло гап зада натавонад.
Парерӯз якеашро танбеҳ дод, ки аъло бихонаду одам шавад. Ӯ гирёну нолон рафту падарашро ба мактаб овард.

Ҳини дарс буд, ӯро ба хонаи муаллимон даъват карданд. Мудир ба рӯяш бакароҳат нигоҳ давонд ва то сухан оғозид, ки мардаки омада гавғо бардошт. «Каримуф-е, бисёр аз худ нарав. Кӯдаконро ҳам беҳуда сахт нагир. Хонда олим шаванд ё ба кайҳон бираванд, ба ту чӣ? Ягон тоҷик таёра насохтааст, ки мо ақиб монда бошем.
Аспу аробаи бобопро соҳибӣ карда метавоем, шуд. Ту он қадар зӯр бошӣ, зани худатро ба даст гир. Нозанинат дарбадар мегардад, гап не. Кӯдакон соҳиб доранд!»

Насим лол монд, аз падари талаба узр пурсид.

Ин шаб дар тӯли чил соли умри муаллим аз ҳама дарозтарин буд.

Субҳидам Насим таъоми парҳезиро ба ҳамсараш расонид.
Соқина лаҳзаи дидор дандон сафед накард. Хомӯшии андӯҳҳо дар дили мард фикрҳои мухталифро ба таҳрик овард. Пеш аз хайру манзур ҷавонзан ба таъкид гуфташ:

  • Аз пагоҳ маро ба муолиҷа мефиристанда...
пешина
аз 314
навбатӣ