Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мол ноаён «ғайб» мезанаду сабабашро ҳеҷ намеёбанд. Агар ёбанд, мукофоташ-чӣ?
... Он бегоҳ пода аз чаро говгум ҳамбид. «Агент» корди гилофдореро ба ҷайб зада, ҷомаи кӯҳнаашро пӯшида, халтаи селофаниеро таҳ карда ба параи бағал андохту подароҳаро боло шуд. Ҳаройна ба пасаш менигарист. Чӣ мекофт? Дар пуштае гов мечариду гӯсолаш нуҳшор мекард. Вай аз касе хавотир, ба чаҳор сӯ нигоҳ давонду чуқурӣ кофт ва аз гардани ҷонварак дошта, ба ҳамон сӯ кашидаш. Гӯсолача пеш рафт. «Агент» гӯсолачаро пешобағал бардошта буд, ки баоси дардолудаш баромад. Модагов пиндошт: шир мехоҳад. Корди алмостуна гилофро лолагун кард.
Раҳими Зард, чашмони бумранғаш ҷониби подароҳ, гӯсолачаро пӯст канда, гӯшташро ба халта андохт. Ва чуқурӣ кофта болои пӯсту каллаву почақҳо хок гардонд. Баъдан, халта сари кифт, дартоз пуштаҳоро меҳамбид, ки ҳамсояаш Алими муаллим рӯбарӯ омада пурсид:
— Ягон гов-пов надидӣ, ҳамсоя?
— Худам буз мековам...
— Гови гӯсоладор буд, гург-пург накафонадаш хуб.
— Ба Худо, надидам. Нарав, дар пушта ҳиччӣ нест!
Аз домани кӯҳи Хоҷамӯъмин бӯи гулу гиёҳ мехест. Гову моли аҳёнан аз пода ақибмонда дар ҷойҳои сералаф мечариданд. Аз баландии кӯҳи намак ба сару рӯ сармо-сармо мерасид. Мардак ҳар ҷо - ҳар ҷо сиёхие дида, аз пайи из рафт. Говашро аз овозаш бишнохт.
Модагов даври чуқурии навканда беқарор мегашт. Алим пуштаи хокро кофту пӯсти хунолуди гӯсолача ба панҷаҳош бархӯрд. Мӯйи баданаш шиғ хест. Замиро сум задаву бӯйнла, баос мекашид. Соҳиби ҷонвар ҷомаи нимдошташро бароварда, хашмину ларзон пӯсту каллаву почаи гӯсолача печонд, говро пешандоз ба хона овард. Оварду раҳрост ба ҳавлии Раҳими Зард рафт. Дар хонаи вай касе наменамуд. Андактар зани логарандоме берун омад. Аввал аз дур сухан гуфт. Саранҷом, бо авзон ором ба ҳамсари «агент» ин суол кард:
— Хола, Раҳим ҳиччӣ амонат наовардааст?
— Кай?
— Пештарако.
— Як халта гӯшт оварда монду ба масҷид рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо