Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

пуштяҳо. Баоси говамро шинохтам. Не, баоси оддӣ не, дар хаёлам модагов мегириет. Баос мекашиду хокро бӯ мекард. Адир буду шамол буду гулу бутта. Хока ба панҷаҳом берун кашидам: каллаву поча, пӯсти гӯсолача баромад. Аз Раҳими Зард гумонбар шуда, хонааш рафтам. Занаш ҳамин халтаро дод...

Муаллим халтаи дасташро пеши ҷамоға паҳн кард. Ҷавони батанутӯше, ки моли парвардан ӯро низ дастони нопоки малъун расида буд, пеш омаду аз каштали Раҳими Зард кашид, як тугмаи куртааш парид. То халосан карданд, ки чанд шатта хӯрд. Аҳли деҳа садо бардошт.
— Абдураҳим, ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунӣ?
— Не.
— Дар адир бо Алим вохӯрда будӣ?
— Дурӯг.
— Пештар биё! Бигир «Қуръон»-и шарифрову рӯбрӯи мӯъминон баргӯй: «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, ин гуноҳ содир накардаам».

Раҳими Зард шердилона сӯйи мулло қадам гузошт. Назди мӯйсафеди нуронӣ расида, дастонашро ларза фарогир, пайкарашро ваҳм зер кард, «Қуръон»-и бардоштааш афтод. «Агент» попарҳам ба замин шишт. Алим ҷониби вай бонг зад:
— Ба ту, расвои радди маърака, гӯшт лозим буд, нагуфтӣ харида медодамат?!
— Озуқаи гӯсолача форидасташ-о!
— Гӯшти хук намехӯрӣ, Раҳими Зард?!
— Ба кадом рӯ ба худохона меоӣ?
-...
— Ӯро аз деҳа ҳай кардан лозим! Ё ҳамин шаб мекуҷад ё мо Ӯро мекушем! Инак-инакаш бефоида!

Намозхонҳо Раҳими Зардро телазанон аз дар бароварданд. Мӯҳлат муқаррар шуд, ки дар давоми бисту чор соат аз деҳа бикӯҷад. Занаш мегирист, ки аз ватани падаришаш ба ҳеҷ куҷо намеравад. Аламзадагон шарт гузоштанд: аз вақти таъйинӣ лаҳзае таъхир ёбад, мурдаи Раҳими Зардро ҷавоб хоҳанд гуфт!

Аз ин рӯйдоди нохуш ашки деҳагиҳо мешорид, ба боми хонаи «агент» сангу кулӯх меборид. Мардум савганд ёд кард, ки баъди халосӣ аз ин мараз дар масҷид оши худоӣ медиҳад. Хурду калон оҳкашон мегуфтанд: «Кош, рӯзе дар хонаҷойи Раҳими Зард харҳо бичаранд...»

То ҳол аз «агент» у аҳли хонадонаш нишоне нест.

пешина
аз 314
навбатӣ